КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ -ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ВА ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ -ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ВА ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус низоми маориф ва илму таҳсилот, марҳилаи нави таърихиро оғоз бахшид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини дастрасии ҷавонон ба таҳсил, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва омода намудани кадрҳои соҳибтахассус даҳҳо барнома ва ташаббусҳои муҳими давлатӣ амалӣ гардиданд. Яке аз чунин иқдомҳои сарнавиштсоз таъсиси квотаи Президентӣ мебошад, ки аз соли 1997 инҷониб ҳамчун механизми муҳими дастгирии ҷавонони боистеъдод аз минтақаҳои дурдасти кишвар хизмат мекунад.

Ҷорӣ гардидани квотаи Президентӣ дар таърихи низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон падидаи муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ маҳсуб ёфта, барои ҳазорон нафар ҷавонони лаёқатманд имконият фароҳам овард, ки новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ва маҳалли зисташон соҳиби таҳсилоти олӣ гарданд. Ҳадафи асосии ин ташаббус таъмини баробарии имкониятҳо, омода намудани кадрҳои миллӣ барои тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва тақвияти иқтидори зеҳнии кишвар мебошад. Ин сиёсати оқилона дар заминаи адолати иҷтимоӣ ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас амалӣ гардида, имрӯз самараҳои назарраси худро ба бор овардааст.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамчун яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олии касбии мамлакат дар татбиқи ин сиёсати давлатӣ саҳми арзанда дорад. Ҳамасола садҳо нафар ҷавонони лаёқатманд аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳ қабул гардида, бо тамоми шароити зарурӣ барои таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бо ин роҳ донишгоҳ на танҳо дар омода намудани табибони соҳибкасб, балки дар таҳкими адолати иҷтимоӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва таъмини муассисаҳои тандурустии минтақаҳои кишвар бо кадрҳои баландихтисос нақши муассир мегузорад.

Айни замон дар донишгоҳ 688 нафар донишҷӯ тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 347 нафарро писарон ва 341 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда бозгӯи он аст, ки имкониятҳои таҳсил барои духтарону писарон баробар фароҳам оварда шуда, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби духтарон ба таҳсилоти олӣ бо муваффақият татбиқ мегардад.

Таҳлили ҳайати донишҷӯёни квотавӣ нишон медиҳад, ки онҳо намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд. Аз шумораи умумии донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда 40,3 фоиз аз вилояти Хатлон, 22,9 фоиз аз вилояти Суғд, 21,5 фоиз аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 15,3 фоиз аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. Чунин таркиб шаҳодат медиҳад, ки барномаи квотаи Президентӣ тамоми минтақаҳои мамлакатро фаро гирифта, барои омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ мусоидат менамояд. Ин раванд барои рушди низоми тандурустӣ дар минтақаҳои дурдаст аҳаммияти калон дошта, дар оянда ба беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз оғози татбиқи барномаи квотаи Президентӣ дар донишгоҳ, яъне аз соли 1997 то имрӯз, дар маҷмуъ 3256 нафар донишҷӯ таҳсил намудаанд. Аз ин шумора 1395 нафарро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд. Ин омор бозгӯи он аст, ки сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии духтарон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои таҳсил натиҷаҳои назаррас додааст. Имрӯз ҳазорон нафар хатмкунандагони квотаи Президентӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият намуда, дар ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди соҳаи тиб ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат саҳми арзанда мегузоранд.

Яке аз омилҳои муҳими муваффақияти донишҷӯёни квотавӣ фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоӣ мебошад. Бо дарназардошти он ки аксари онҳо аз минтақаҳои дурдасти кишвар барои таҳсил ба пойтахт меоянд, донишгоҳ масъалаи бо хобгоҳ таъмин намудани онҳоро дар меҳвари таваҷҷуҳи худ қарор додааст. Донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда бо ҷойи истиқомат таъмин буда, барои онҳо шароити муносиб ҷиҳати таҳсил, истироҳат ва рушди ҳамаҷониба муҳайё гардидааст. Айни замон 14 нафар донишҷӯи квотавӣ дар хобгоҳи нави «Сарвар» зиндагӣ намуда, аз имкониятҳои муосири он баҳравар мебошанд. Ин иқдом далели ғамхории пайвастаи давлат ва роҳбарияти донишгоҳ нисбат ба ҷавонон буда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва беҳтар намудани шароити зиндагии донишҷӯён мусоидат мекунад.

Дар баробари таҳсил донишҷӯёни квотавӣ дар ҳаёти илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ низ иштироки фаъол доранд. Онҳо дар олимпиадаҳо, конференсияҳои илмӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву тарбиявӣ ширкат варзида, бо дониш, истеъдод ва фаъолнокии худ обрӯи донишгоҳро баланд мебардоранд. Бисёре аз онҳо дар оянда ҳамчун табибони соҳибихтисос, муҳаққиқон ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ба ҷомеа хизмат хоҳанд кард.

Таҷрибаи амалишавии барномаи квотаи Президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино нишон медиҳад, ки ин ташаббуси созандаи давлат яке аз муҳимтарин воситаҳои рушди сармояи инсонӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини минтақаҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони баландихтисос мебошад. Маҳз тавассути чунин барномаҳо ҷавонони боистеъдод имконият пайдо мекунанд, ки орзуҳои худро амалӣ намуда, дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Дар арафаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои донишгоҳ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва барномаи квотаи Президентӣ боз як далели равшани самаранокии сиёсати маорифпарваронаи давлат маҳсуб меёбанд. Омода намудани мутахассисони соҳибкасб аз тамоми минтақаҳои кишвар, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва тарбияи насли ватандӯсту соҳибмаърифат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиме мебошанд, ки донишгоҳ бо сарбаландӣ иҷро намуда, минбаъд низ дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва рушди соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


06.07.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php