КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Санаи 20 апрели соли 2026 дар кафедраи тибби судӣ бо иштироки кормандони кафедра ҷамъомади навбатӣ таҳти унвони «Коррупсия -зуҳуроти номатлуби ҷомеа» баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷамъомад ассистенти кафедраи тибби судӣ Нозилов Сино вобаста ба моҳияти коррупсия, мафҳум, таъсироти манфии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва миллӣ, инчунин роҳҳои пешгирии ин падидаи номатлуб суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки коррупсия дар шароити муосир аз як мушкилоти дохилӣ берун рафта, ба проблемаи сатҳи байналмилалӣ мубаддал гардидааст.

Қайд карда шуд, ки ин зуҳурот дорои решаҳои амиқи таърихӣ буда, ҳамқадам бо ташаккули давлатҳо ба вуҷуд омада, то имрӯз идома дорад. Дар баробари дигар таҳдидҳои ҷаҳонӣ, коррупсия ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, ба рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва ташаккули мафкураи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар самти муқовимат ба коррупсия тадбирҳои мушаххас андешида, аз ҷумла 25 июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро қабул намудааст, ки заминаи ҳуқуқии мубориза бо ин падида мебошад.

Дар ҷамъомад ҳамчунин зикр шуд, ки шаклҳои маъмултарини ҷиноятҳои коррупсионӣ додани пора, гирифтани пора ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ мебошанд, ки ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизматӣ равона мегарданд.

Дар фарҷом қайд карда шуд, ки барои решакан намудани коррупсия мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пайваста чораҳои заруриро амалӣ намуда, ҳамзамон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳими пешгирии он ба ҳисоб меравад.


21.04.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php