КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА КАФИЛИ АМНИЯТИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар низоми давлатдории миллӣ мақоми махсус дошта, заминаҳои ҳуқуқии ташаккули давлат, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, таъмини амнияти миллӣ ва танзими муносибатҳои ҷамъиятиро муайян менамояд. Қабули Конститутсия дар марҳалаи мураккаби таърихӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон оғози марҳалаи нави инкишофи давлатдорӣ ва ташаккули низоми ҳуқуқии мустақил гардид. Ин санади тақдирсоз на танҳо меъёрҳои асосии сохтори давлатиро муқаррар намуд, балки арзишҳои бунёдии ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, принсипҳои адолат, баробарӣ, қонуният ва масъулияти давлатро дар назди ҷомеа муайян кард. Аз ин рӯ, Конститутсияро метавон ҳамчун меҳвари асосии низоми ҳуқуқии кишвар ва омили муҳими таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ арзёбӣ намуд.
Таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон нишон медиҳад, ки истиқлолияти сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ танҳо дар сурати мавҷудияти низоми устувори ҳуқуқӣ, ниҳодҳои самараноки давлатӣ ва эҳтироми қонун метавонад таҳким ёбад. Дар шароити ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон бо зарурати ташкили сохтори нави сиёсиву ҳуқуқӣ, муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин вазъият қабули Конститутсия аҳаммияти таърихӣ касб намуда, барои муайян кардани шакли давлатдорӣ, принсипҳои ташкили ҳокимият ва муносибатҳои ҳуқуқии байни давлату шаҳрванд заминаи зарурӣ фароҳам овард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯйдод дар таърихи навини кишвар марҳалаи муҳим ба ҳисоб рафта, ба ташаккули низоми мустақили конститутсионӣ ва ҳуқуқии давлат мусоидат намуд. Муҳимияти ин санад пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки Тоҷикистон тибқи муқаррароти он давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Ин хусусиятҳо танҳо мафҳумҳои назариявӣ набуда, балки принсипҳое мебошанд, ки бояд тамоми самтҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ бар онҳо асос ёбанд.
Конститутсия, пеш аз ҳама, ҳуҷҷати муайянкунандаи сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Мувофиқи меъёрҳои он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад. Ин муқаррарот маънои онро дорад, ки давлат ва ниҳодҳои он фаъолияти худро дар асоси иродаи халқ, талаботи қонун ва манфиатҳои умумимиллӣ ба роҳ монда, масъулияти ҳуқуқии худро дар назди ҷомеа бояд эҳсос намоянд. Маҳз ҳамин принсип барои ташаккули муносибатҳои мутақобилаи давлат ва шаҳрванд, баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва иштироки аҳолӣ дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар низоми конститутсионии Тоҷикистон масъалаи волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи марказӣ дорад. Моддаи 5-уми Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф менамояд. Ин меъёр аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ аҳаммияти бузург дошта, масъулияти давлатро дар самти эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон муайян мекунад. Ҳамзамон, он ба ҳар як узви ҷомеа зарурати эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, риояи қонун ва муносибати масъулона ба уҳдадориҳои шаҳрвандиро хотиррасон менамояд. Маҳз дар заминаи чунин муносибати дуҷониба байни давлат ва шаҳрванд ҷомеаи ҳуқуқбунёд ташаккул меёбад.
Яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими давлату ҷомеа мебошад. Амнияти миллӣ мафҳуми фарогир буда, на танҳо ҳифзи сарҳад ва тамомияти арзии кишвар, балки ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, сохтори конститутсионӣ, суботи сиёсӣ, амнияти иқтисодӣ, иттилоотӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро низ дар бар мегирад. Дар ин раванд Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаҳои меъёрии фаъолияти давлатро муайян намуда, барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии таҳдидҳои гуногун асоси ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Аз нуқтаи назари илми сиёсӣ, устувории давлатдорӣ аз ҳамоҳангии се омили асосӣ вобастагӣ дорад: қонунияти ҳокимияти давлатӣ, эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ ва иштироки масъулонаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ. Конститутсия маҳз ҳамин муносибатҳоро танзим намуда, сохтори ҳокимияти давлатӣ, ваколатҳои мақомоти он ва принсипҳои фаъолияти онҳоро муайян мекунад. Тибқи моддаи 9-уми Конститутсия ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешавад. Ин принсип барои муайян намудани доираи ваколатҳо, пешгирии тамаркузи бемавриди ҳокимият ва таъмини низоми мутавозини идоракунии давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати муносибатҳои байналмилалӣ масъалаи амнияти давлатӣ хусусияти боз ҳам мураккабтар касб мекунад. Паҳншавии экстремизм ва терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳдидҳои киберӣ, иттилооти бардурӯғ ва дигар зуҳуроти номатлуб метавонанд ба суботи ҷомеа таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, ҳифзи амнияти миллӣ танҳо вазифаи сохторҳои махсуси давлатӣ набуда, масъулияти муштараки тамоми ниҳодҳои ҷомеа ва шаҳрвандон мебошад. Дар ин замина, Конститутсия ҳамчун асоси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим мебозад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи дорои аҳаммияти муҳими геосиёсӣ ҷойгир аст, масъалаҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавӣ аз самтҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Ҷойгиршавии ҷуғрофии кишвар, хусусиятҳои релефи кӯҳсор ва ҳамсоягӣ бо минтақаҳои дорои вазъи мураккаби амниятӣ тақозо менамоянд, ки низоми таъмини амнияти давлатӣ бар асоси қонун, омодагии касбӣ, ҳамоҳангии сохторҳои дахлдор ва ҳамкории байналмилалӣ рушд ёбад. Дар ин раванд риояи меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунгузории амалкунанда аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Махсусан, моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро вазифаи муқаддаси шаҳрвандон муқаррар менамояд. Ин меъёр мазмуни амиқи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва тарбиявӣ дошта, робитаи ногусастании мафҳумҳои ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва амнияти миллиро ифода мекунад. Ҳимояи Ватан танҳо бо адои хизмати ҳарбӣ маҳдуд намешавад. Он инчунин эҳтироми қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ҳифзи муҳити зист, муқовимат ба зуҳуроти коррупсионӣ ва тарбияи насли масъулиятшиносро дар бар мегирад.
Аз ин ҷиҳат, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва амниятии давлат маҳсуб меёбад. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд на танҳо аз ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии худ огоҳ бошанд, балки вазифаҳои шаҳрвандии худро низ дарк намоянд. Омӯзиши Конститутсия, қонунгузории соҳаи мудофиа, таърихи давлатдории миллӣ ва арзишҳои фарҳангиву маънавии халқ барои ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандии онҳо мусоидат мекунад. Дар ин самт муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла донишгоҳҳои тиббӣ, метавонанд тавассути таълими фанҳои дахлдор, суҳбату вохӯриҳои илмӣ, чорабиниҳои тарбиявӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ саҳми назаррас гузоранд.
Дар робита ба фаъолияти соҳаи тибби ҳарбӣ бояд таъкид намуд, ки амнияти давлат танҳо бо омодагии низомӣ ва ҳифзи сарҳад маҳдуд намегардад. Қобилияти ҳифзи ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ, ташкили ёрии тиббии саривақтӣ, пешгирии бемориҳо, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ низ ҷузъи муҳими амнияти ҷомеа мебошанд. Тибби ҳарбӣ дар ин раванд вазифаҳои муҳими касбӣ ва иҷтимоиро иҷро намуда, дар ҳифзи саломатии ҳайати шахсӣ ва таъмини омодагии тиббии сохторҳои мудофиавӣ саҳм мегузорад. Аз ин лиҳоз, омузиши асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ва меъёрҳои конститутсионии ҳифзи Ватан барои мутахассисони ояндаи соҳаи тибби ҳарбӣ аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ дорад.
Масъалаи дигаре, ки дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши муҳим дорад, ҳифзи ягонагии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон барои рушди давлат аҳаммияти калидӣ доранд. Конститутсия баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намуда, барои фаъолияти онҳо дар доираи низоми ягонаи ҳуқуқӣ замина фароҳам меорад. Моддаи 2-юми он мақоми забони давлатии тоҷикӣ ва забони русиро ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муайян намуда, ҳуқуқи миллату халқиятҳои сокини кишварро ба истифодаи озоди забони модариашон эътироф мекунад. Ин меъёрҳо ба эҳтироми гуногунрангии фарҳангӣ, таҳкими ҳамзистии осоишта ва рушди ҳувияти умумимиллӣ равона шудаанд.
Ҳамзамон, Конститутсия дар ҳифзи истиқлолияти маънавӣ ва фарҳангии кишвар низ нақши муҳим дорад. Забони давлатӣ, таърихи пурғановати халқи тоҷик, мероси илмӣ ва фарҳангӣ, анъанаҳои неки миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ аз омилҳои муҳими ташаккули худшиносии миллӣ мебошанд. Ҳифзи ин арзишҳо бояд бо эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, гуногунандешӣ ва меъёрҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд сурат гирад. Дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ ва густариши фазои маҷозӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иттилоотии шаҳрвандон низ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Ҳар як шаҳрванд бояд тавонад иттилооти саҳеҳро аз маълумоти бардурӯғ фарқ намояд, ба манбаъҳои боэътимод такя кунад ва дар муносибат бо муҳтавои интернетӣ масъулияти иҷтимоии худро дарк намояд.
Масъалаи таъмини амнияти ҷомеа ҳамчунин бо сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ робитаи мустақим дорад. Ҷомеае, ки аъзои он ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонанд, қонунро эҳтиром мекунанд ва ба ҳалли масъалаҳои ҷамъиятӣ бо роҳи қонунӣ муносибат менамоянд, барои пешгирии низоъҳо ва коҳиш додани омилҳои ноустуворӣ имкониятҳои бештар дорад. Аз ин рӯ, тарғиби донишҳои конститутсионӣ набояд танҳо ба баргузории чорабиниҳои идона ва маъракаҳои иттилоотӣ маҳдуд гардад. Зарур аст, ки омузиши Конститутсия ба раванди мунтазами таълиму тарбия, фаъолияти касбӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон ворид карда шавад.
Дар ин замина, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ташаккули фарҳанги конститутсионӣ ва тарбияи шаҳрвандии ҷавонон махсусан муҳим мебошад. Донишгоҳҳо на танҳо марказҳои омода намудани мутахассисони баландихтисос, балки ниҳодҳои муҳими ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, ҳуқуқӣ ва ватандӯстонаи насли ҷавон мебошанд. Тавассути омузиши фанҳои ҷамъиятшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлатдорӣ дар донишҷӯён эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ташаккул меёбад. Махсусан, дар муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ ин масъала аҳаммияти хосса дорад, зеро фаъолияти табибон бевосита бо ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқҳои инсон алоқаманд мебошад. Табиби соҳибмаърифат бояд на танҳо донишҳои касбӣ дошта бошад, балки ба меъёрҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ахлоқи касбӣ ва арзишҳои инсонпарварӣ низ арҷ гузорад.
Ҳамзамон, бояд ба он таваҷҷуҳ намуд, ки амнияти миллӣ ва рушди устувори давлат танҳо дар шароити фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ таъмин шуда наметавонад. Барои расидан ба ин ҳадаф ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма зарур мебошад. Ҳар як сохтори ҷамъиятӣ дар доираи ваколат ва масъулияти худ бояд ба таҳкими фазои ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва ташаккули муносибати масъулона ба масъалаҳои амнияти ҷамъиятӣ мусоидат намояд.
Аз нигоҳи сиёсӣ, Конститутсия инчунин кафили танзими муносибатҳои байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мавҷудияти меъёрҳои муайяни конститутсионӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои қонунӣ амалӣ гардида, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳифз ва масъулияти тарафҳо мушаххас карда шавад. Волоияти Конститутсия ва эътирофи эътибори олии ҳуқуқии он талаб менамояд, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ба муқаррароти ин санади асосӣ мутобиқат дошта бошанд. Моддаи 10-уми Конститутсия маҳз ҳамин мавқеи олии ҳуқуқии онро муқаррар намуда, риояи талаботи он барои тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон аҳаммияти ҳатмӣ дорад.
Ҳамчунин, таҷрибаи давлатдории муосир нишон медиҳад, ки таъмини амнияти миллӣ бояд бо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва риояи принсипҳои қонуният пайваста бошад. Амният ва ҳуқуқи инсон ду мафҳуми ба ҳам муқобил набуда, балки ҷузъҳои ба ҳам алоқаманди низоми давлатдории ҳуқуқбунёд мебошанд. Ҳар гуна тадбири амниятӣ бояд дар асоси қонун, бо риояи ваколатҳои муайяншуда ва эҳтироми ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон амалӣ карда шавад. Танҳо дар чунин шароит эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ таҳким ёфта, заминаи ҳуқуқии суботу оромӣ ва рушди устувори кишвар фароҳам мегардад.
Дар баробари ин, масъалаи ҳифзи Конститутсия ва таъмини иҷрои талаботи он танҳо вазифаи мақомоти судӣ, ҳуқуқифӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ нест. Ин масъулият тамоми ҷомеаро фаро мегирад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки риояи қонун аз муносибати шахсии ӯ ба ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва манфиатҳои ҷамъиятӣ оғоз меёбад. Эҳтиром ба Конститутсия дар муносибатҳои оилавӣ, фаъолияти меҳнатӣ, муносибат бо ҳамкорон, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва муносибати эҳтиёткорона ба моликияти давлатӣ таҷассум меёбад. Маҳз чунин фарҳанги ҳуқуқӣ метавонад меъёрҳои конститутсиониро аз муқаррароти танҳо дар саҳифаҳои қонунгузорӣ сабтшуда ба ҷузъи воқеии зиндагии ҷомеа табдил диҳад.
Бо назардошти ин омилҳо, масъалаи баланд бардоштани мақоми Конститутсия дар шуури ҷамъиятӣ ва тарбияи эҳтиром ба арзишҳои он бояд яке аз самтҳои доимии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад. Баргузории конференсияҳои илмӣ, мизҳои мудаввар, дарсҳои кушод, вохӯриҳои маърифатӣ ва таҳияи маводи илмиву оммавӣ метавонад ба шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти меъёрҳои конститутсионӣ мусоидат намояд. Дар баробари ин, зарур аст, ки масъалаҳои Конститутсия на танҳо аз нуқтаи назари таърихӣ, балки дар робита бо равандҳои муосири сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ мавриди таҳқиқ қарор гиранд.
Дар умум, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, муайян намудани асосҳои сохтори сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини амнияти давлату ҷомеа нақши бунёдӣ дорад. Моҳияти таърихӣ ва сиёсӣ доштани ин санад дар он ифода меёбад, ки он барои фаъолияти давлат ва ҷомеа заминаи ягонаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Устувории давлатдорӣ бошад, на танҳо аз мавҷудияти меъёрҳои конститутсионӣ, балки аз сатҳи иҷрои воқеии онҳо, самаранокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва масъулияти ҳар як узви ҷомеа вобаста мебошад.
Дар шароити муосир, ки давлатҳо бо таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешаванд, омӯзиш, эҳтиром ва риояи Конститутсия аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муштараки давлат ва ҷомеа буда, иҷрои он масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд моҳияти Конститутсияро ҳамчун асоси ҳуқуқии зиндагии ҷамъиятӣ дарк намуда, дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ принсипҳои қонуният, адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва масъулиятшиносиро роҳнамо қарор диҳад.
Конститутсия танҳо санади муайянкунандаи сохтори давлат нест, балки асоси ҳуқуқии ҳамзистии шаҳрвандон, кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва заминаи ташкили фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мебошад. Ояндаи устувори давлатдорӣ аз он вобаста аст, ки то кадом андоза ҷомеа ба ин арзишҳо арҷ мегузорад ва меъёрҳои конститутсионӣ дар амал татбиқ мегарданд. Бинобар ин, таҳкими фарҳанги конститутсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи насли ватандӯсту масъулиятшинос бояд ҳамчун вазифаи муҳимми ҷомеаи муосири Тоҷикистон идома ёбад.
Конститутсия - асоси ҳуқуқии давлатдорӣ, меъёри ҳамзистии ҷомеа ва заминаи таъмини амнияти давлату шаҳрвандон мебошад.
Чоршанбезода М.-номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи тибби ҳарбӣ