КОНСТИТУТСИЯ- ШАХОДАТНОМАИ МИЛЛАТ

КОНСТИТУТСИЯ- ШАХОДАТНОМАИ МИЛЛАТ

Дар шароити муосир моро аз ҳама бештар зарур аст, ки ин муқаддасоти Ватанро ҳифз намуда, бо ҳидояти он ба сӯи ояндаи дурахшон ва фатҳи қуллаи мурод қадам занем. Танҳо Конститутсия амнияту озодии моро кафолат дода, донистани муқаррароти он моро ба сӯи ҳаёти осоишта равона месозад, аз фурсати муносиб истифода бурда санаи 04. 11. 2026 сол дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби Донишгоҳ тибқи нақшаи тасдиқшуда оиди корҳои тарбиявӣ семинар бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мавзӯи Конститутсия- шаходатномаи миллат бо донишҷӯёни курси 4 гурӯҳҳои куратории 5 ва 3 уми факултаи тиббӣ-профилактикӣ гузаронида шуд. Дар семинари мазкур ҳайати устодон, ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Семинарро муаллимаи калони кафедра Нурмахмадшоева Р.Т., оғоз намуда, донишҷӯёнро ба ифтихори ин рӯзи таърихи яъне Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, изҳор намуданд, ки конститутсия ҳамчун шиноснома миллату давлатро дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Новобаста аз вазъи ногувори сиёсӣ ва иқтисодӣ намояндагони халқ тавонистанд фикру андешаҳои неруҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин бевосита маром ва ормонҳои мардумро дар лоиҳа инъикос намуда, рисолати таърихиашонро баҳри рушду нумӯи кишвар дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда иҷро намоянд. Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститусияи нав замина гузошт, мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистонро лозим омад, ки барои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул кунад, то тавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бо диди нав танзим намояд.

Конститутсияи амалкунандаи мо бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро таъмин намояд. Конститутсия асоси ифодакунандаи арзишҳои ҳуқуқӣ гардида, симои муосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худ таҷҷасум намуд. Дар ин замина, он аввалин шуда кишвари моро ба қатори кишварҳои пешрафта ворид сохт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат Президетни Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд, ки “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад ”.

Ҳамзамон муаллимаи калони кафедра н.и.т. дотсент Хакимова М Б ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба шарофати шуҷоати сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофар ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд. Ҷамъияте, ки одамони он дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ мебошанд, пайваста аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ дифоъ менамоянд ва сатҳи зиндагии онҳо низ баланд мебошад.

Барои ҳар яки мо ифтихори бузург аст, ки дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҳар сол 6-ноябр Рӯзи Конститутсияро бо рӯҳӣ болида ҷашн мегирем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст. «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, роҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд»

 


                Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


06.11.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php