КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИИЮ РИЁЗӢ»
16 ноябри соли 2026 дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионии конференсияи илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди фанҳои табиию риёзӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илму маориф, дастгирии олимону муҳаққиқон, таҳкими мактабҳои илмӣ ва густариши омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ ташкил карда шуд.
Чорабиниро доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионии донишгоҳ Бахтиёр Қодиров бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд ва сипас, донишҷӯёни гурӯҳи 6-и факултети фарматсевтӣ бо қироати шеър ва табрикоти идона ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Дар идомаи конференсия маърӯзаҳои илмӣ-маърифатӣ дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Пешвои миллат ва рушди илми риёзӣ дар Тоҷикистон: дастгирии олимон, таҳкими мактаби илмӣ ва гиромидошти арзишҳои дониш» (Асроров Собир Аюбович), «Нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ва дастгирии фанҳои табиию риёзӣ» (Муҳйидинзода Мафтуна Иброҳим), донишҷӯи курси 1 гурӯҳи 24 факултети кори табобатӣ
«Технологияҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон: дастгирӣ ва рушди онҳо таҳти сиёсати созандаи Пешвои миллат» (Ятимов Ибодулло Солибекович) ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (Бахтиёрова Ҳилола Ихтиёровна), донишҷӯи курси 1 гурӯҳи 6 факултети фарматсевтӣ, пешниҳод гардиданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба нақши фанҳои табиию риёзӣ дар рушди фарматсия ва пешрафти соҳаи тандурустӣ, инчунин саҳми Пешвои миллат (Хушова Мадина), донишҷӯи курси 1 гурӯҳи 6 факултети фарматсевтӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ (Муҳйидинзода Мафтуна Иброҳим), донишҷӯи курси 1 гурӯҳи 24 факултети кори табобатӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори конференсия омӯзгорону кормандони кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ ва донишҷӯёни факултетҳои фарматсевтӣ ва кори табобатӣ бо маърӯзаҳои илмӣ иштирок намуда, байни худ мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионии донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ Бахтиёр Сафаров сухани хотимавӣ намуда, натиҷаҳои конференсия ҷамъбаст кард.
Ҳамчунин, намояндаи раёсати донишгоҳ Абдураҳмонов Зевар Вафоназарович сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа ва Аюбова Сурайё Раҷаббековна, сармуттахасиси шуъбаи тарбия доир ба аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ ибрози назар мамуданд.
Конференсияи мазкур барои баланд бардоштани маърифати илмӣ, тақвияти завқи донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ, тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва дарки нақши илму технология дар рушди ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.
Кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ