КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: БАРРАСИИ ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ИЛМУ ТАҲСИЛОТИ ТИББӢ-ИҶТИМОӢ
29 майи соли 2026 дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” Конференсияи VI-уми солонаи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ-иҷтимоӣ дар Тоҷикистон” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон, омузгорон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мутахассисони соҳаи тандурустиву иҷтимоӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди илми тиббӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, татбиқи технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар бахши плннарии кори конференсия ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Н. Д. ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок намуда, зимни сухани табрикотии худ таъкид карданд, ки рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои омода намудани мутахассисони баландихтисос ва таҳкими иқтидори илмии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Қайд гардид, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои аҳли илм ва маориф имконияти муносибест ҷиҳати таҳлили дастовардҳои солҳои охир, баррасии мушкилоти мавҷуда ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи соҳа муайян гардад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА