КОМЁБИИ ДОНИШҶӮЁН МУБОРАК БОШАД!

КОМЁБИИ ДОНИШҶӮЁН МУБОРАК БОШАД!

Рӯзи 23 майи соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон VI-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур донишҷӯёни Донишгоҳ аз рӯйи фанҳои биология ва география фаъолона иштирок намуда, бо нишон додани сатҳи баланди дониш ва маҳорати илмӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва мукофотҳои пулӣ гардиданд.

Аз ҷумла, Раҷабов Диловар - донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ аз рӯйи номинатсияи “Биология” сазовори ҷойи сеюм гардида, бо 1000 сомонӣ мукофотонида шуд ва Сарбони Сироҷиддин-донишҷӯи курси 1-уми факултети стоматологӣ аз рӯйи номинатсияи “География” ҷойи дуюмро соҳиб гардида, бо 3000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Раёсат ва ҳайати омузгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ғолибонро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, барояшон дар роҳи илмомӯзӣ, фаъолияти таълимӣ ва фатҳи қуллаҳои нави дониш комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.


28.05.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php