КИТОБ - ГАНҶИ ДИРӮЗ, МАЪРИФАТИ ИМРӮЗ ВА РОҲНАМОИ ФАРДО

КИТОБ - ГАНҶИ ДИРӮЗ, МАЪРИФАТИ ИМРӮЗ ВА РОҲНАМОИ  ФАРДО

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб дар фазои зебои Боғи Ирам  семинари илмиву, фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин семинар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тарғиби осори арзишманди миллӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ миёни аҳли ҷомеа буд.

Дар доираи семинар оид ба китобҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату муаррифии китобҳо баргузор гардида, аҳамияти онҳо дар омӯзиши таъриху фарҳанг, тамаддун ва худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Махсусан, ба асарҳои «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Иштирокчиён дар бораи нақши ин осори гаронбаҳо дар шинохти таърихи пурифтихори миллати тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон андешаронӣ намуданд. Қайд гардид, ки мутолиаи чунин асарҳо барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ аҳамияти муҳим дорад.

Яке аз бахшҳои муҳими чорабинӣ суханрони оид ба  тақсим ва тақдими китобҳои «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» ба аҳли ҷомеа аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буд. Ин иқдом ба хотири дастрасии бештари мардум ба осори арзишманди таърихиву адабии миллӣ ва ташвиқи фарҳанги китобхони амалӣ гардид.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ташаббусҳои фарҳангӣ ва маърифатии Пешвои миллат, аз ҷумла эҳтиром ба китобу китобхонӣ ва дастрас намудани осори арзишманди миллӣ ба мардум, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии миллати тоҷик саҳми арзанда мегузоранд.

Дар семинар омӯзгорон ва ординаторони кафедраи рентгенология ва радиология низ фаъолона иштирок намуда, дар муҳокима ва мутолиаи китобҳо саҳм гузоштанд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки китоб яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои дониш, маърифат ва худшиносии инсон ба ҳисоб рафта, дар ташаккули ҷаҳонбинии солим ва фарҳанги маънавии ҷомеа нақши муассир дорад.

 

Кафедраи рентгенология ва радиология


08.09.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php