КИМИЁДОНҲОИ БЕҲТАРИНИ ДОНИШГОҲ МАЪЛУМ ГАШТАНД

КИМИЁДОНҲОИ БЕҲТАРИНИ ДОНИШГОҲ МАЪЛУМ ГАШТАНД

Дар кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ рӯзи 08.04.2026 даври аввали донишгоҳии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи наминатсияи “ХИМИЯ” гузаронида шуд. Маълум аст, ки ин озмун таҳти назорат ва cарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.

Имсол амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми январи соли 2026 №АП-950 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ба тавсиб расид. Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2025 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, замина барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ гардидааст. Дар як вақт, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳамаи ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуда аст. Ҳамин тавр, аз соли 2025 барои ҳар як ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида аст. Ҳамзамон бо ин, мукофотпулӣ барои ҳар як омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мешаванд, 20 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Илова бар ин, хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар сурати сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан дар даври ҷумҳуриявии озмун ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд. Хушбахтона се соли охир шогирдони мо аз наминатсияи “ХИМИЯ” ба муваффақиятҳои калон ноил гардида истодаанд.


р/т

Соли таҳсил

Ному насаб

Факул

тет

Озмун

Ҷой

Мукофот

1

2022-2023

Бозоров Абдулазиз

тиббӣ

Илм фуруғи маърифат

2

25000

2

2023-2024

Донов Орзу

тиббӣ

Илм фуруғи маърифат

2

25000

3

2024-2025

Муҳаммадиев Муҳсин

стом

Илм фуруғи маърифат

2

50000

4

2024-2025

Ғаниев Ғолибҷон

тиббӣ

Илм фуруғи маърифат

3

30000

5

2024-2025

Донов Орзу

тиббӣ

Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар байни МТОК

1

Медали тилло

 

        Ҳамин буд, ки дар озмун донишҷуёни курси аз 1 то курси 6 ҳамаи факултетҳо фаъолона иштирок намуданд. Дар охир шаш нафар донишҷуён:

Ному насаб

Курс

Факултет

Гурӯҳ

Хол

Ҷой

1

Бухориев Муродалӣ

3

тиббӣ

45

70

I

2

Мустафобеков Музаффарбек

2

тиббӣ

73

58

II

3

Gi Arya Prathar

1

тиббӣ

12

55

II

4

Мастов Муҳаммад

1

тиббӣ

7

51

III

5

Эшонов Фаромарз

1

тиббӣ

26

50

III

6

Ҷуразода Хуснулло

2

тиббӣ

35

46

III

 

ғолибони озмун муайян гардида ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Навгонӣ он аст, ки бори аввал аз ҳисоби донишҷуёни хориҷӣ Gi Arya Prathar , донишҷӯи курси 1, факултети тиббӣ, гуруҳи 12 бакалавр дар озмун иштирок гардида ғолибият ба даст овард. Супоришҳои наминатсияи химия аз дигар наминатсияҳо бо он фарқ мекунанд, ки 30%-и саволҳо назариявӣ, 50% - хаттӣ - амалӣ ва 20% -и дигар саволҳои озмоишӣ мебошанд, ки хушбахтона аз тарафи ҳакамон бо роҳбарии декани факултети тиббӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Саидзода Б.И. ба пуррагӣ назорат карда шуданд. Даври дуюми озмун бошад нимаи дуюми моҳи май дар ноҳияҳо гузаронида мешаванд. Аз ин рӯ муттасадӣ оид ба ҷамъияти илмии донишҷуён (ҶИД) дар кафедра дотсент Матвеев В.М. вазифадор карда шуданд, ки ғолибони даври аввалро ба озмуни оянда ҳаматарафа омода созанд.

              Кафедраи химияи биоорганикӣ ва Физколлоидӣ


11.04.2026 166

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php