ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН ХУШТАР
Санаи 02.04.26 сол дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб семинари омузишӣ таҳти унвони «Хоки Ватан аз тахти сулаймон хуштар» бо донишҷӯёни курси 4–уми факултаи педиатри гурӯҳҳои 2 ва 3-ум гузаронида шуд. Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Семинарро ассистенти кафедра Нурмахмадшоева Р.Т., ифтитоҳ бахшида қайд карданд, ки дар ҷаҳони муосир тағйироти куллӣ ба амал омада, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ моро водор месозад, ки дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамеша омода бошем. Барои комёбӣ дар ин ҷода тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ шарти муҳим ба шумор меравад. Ҷавонон ояндаи миллат мебошанд, онҳо бояд моҳияти ватандӯстиву арзишҳои миллиро хуб бояд дарк намоянд. Онҳо набояд фаромӯш сохта бошанд, ки ватан зодгоҳ ва макони муқаддаси фарзандони фарзонаи ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Беҳуда нест, ки Ватанро сарнавишту қисмати ҳар як инсон ва модари мушфиқу меҳрубон мегуянд. Дар ҳақиқат модарони меҳрубони мо – офарандаву бадунёоварандаи мо инсонҳо бошанд пас, Ватан бо меҳру муҳаббати навозишкоронаи хеш моро дар бар гирифта, барои кору фаъолият ва идомаи ҳаёти рангини мо оғӯш кушодааст. Ба андешаи мо, ҳар як халқу миллат бояд Ватан–Модар, марзу буми онро дӯст дорад ва ҳамчун фарзандони вафодори Ватан барои ҳастии он ҷоннисорӣ намояд. Лоиқ Шералӣ барҳақ фармудаанд, ки Ватан аз гаҳвораву шири поки модарон оғоз мешавад:
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Калимаи Ватан чунон ҷаззобияте дорад, ки бо шунидани он хонаву дар, гаҳвораву модари меҳрубон пеши назар меояд. Шояд аз ҳамин нигоҳ бошад, ки бузургони мо мафҳум ва маънии Ватанро бо калимаҳои Модар, садоқат, оила, миллат алоқаманд медонанд. Дар ҳаёти ҳар як инсон яке аз он муқаддасоти ягонаву ҷовидонӣ ин Ватан–Модар ба шумор меравад. Тавре мо медонем, аз рӯйи қиссаву ривоятҳо мардуми ватандӯсти мо ҳисси ватандӯстӣ ва хоку марзу буми онро хеле муқаддас шуморида, хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон беҳтару волотар медонанд:
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Ҳамзамон мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ Зиёдалиева Т.З, маъруза намуда қайд карданд, воқеан, Ватан-Модар ба ҳам ҳаммаъно буда, мафҳуму маънии бузургро доранд. Ба андешаи мо Ватан ин ифтихор, шаъну шарафи ҳар инсони комил, неъмати бебаҳое, ки Офаридгор ато намудааст ва дурри гаронбаҳоест, ки он ба ҳеҷ ганҷу сарвате баробар карда намешавад. Бинобар ин, мо бояд Ватани хешро дӯст дорем. Зеро оромиву осудагӣ ва шукуҳу гулгулшукуфии Ватан ба ҳар сокини он вобастагӣ дорад.Меҳру муҳаббати Ватан ва ҳисси ватандӯстӣ одатан дар даврони кӯдакии ҳар як шахс оғоз меёбад. Ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳру муҳаббати бепоён ба Ватан ин худ вафодориву садоқат ба Ватан маҳсуб мешавад.Вазифаи мо – фарзандон танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, балки бояд ватанпарвар, ватандӯст ва ғамхори он бошем. Барои ин мо бояд расму русум, анъанаҳои бостонии хешро эҳё намуда, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.Ватан барои мо ҳамчун хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодати инсонӣ ва модари азизу ғамхору меҳрубон аст. Доир ба ин масъала фикру ақидаи хешро бо мисраъҳои шоири маҳбуб Хабиб Юсуфӣ тақвият доданием:
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр.
Дар чунин даврони пешрафт моро чун шаҳрванди масъулиятшинос лозим меояд, ки илмҳои замонаро хуб аз бар созем, забонҳои хориҷиро аз худ намоем, компютерро озодона истифода барем ва аз пешрафти илму техника саривақт огоҳ шавем. Имрӯзи хубро самаранок истифода бурдан барои ояндагон заминаи созгори зиндагиро фароҳам меоварад. Ояндаи неки мо аз меҳнати ҳалол кардану дониши мукаммал гирифтан, ватанро дӯст доштану дар пешрафти он аз дилиу ҷон кору пайкор намудан вобаста аст.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ
ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб