ХЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ

ХЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ

        Санаи 07.05.2026 дар кафедраи нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб тибқи нақшаи мавзӯӣ-тақвимии дарсҳои тарбиявӣ бо донишҷӯёни курси 1, гурӯҳҳои 4 ва 5-уми факултети тибби профилактикӣ семинар бахшида ба мавзӯъҳои «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ва «Зафар — дарси ҷасорат ва садоқат ба таърих» баргузор гардид.

   Дар чорабинии мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд: Дар таърихи инсоният рӯзҳое ҳастанд, ки бо хун, ашк ва қаҳрамонӣ навишта шудаанд. Яке аз чунин рӯзҳои пурифтихор ва ҳамзамон пурдард - 9 май, Рӯзи Ғалаба мебошад. Ин рӯз на танҳо хотираи пирӯзии бузург бар фашизм аст, балки рамзи ҷасорат, фидокорӣ ва муҳаббат ба Ватан низ мебошад.

Семинарро мудири кафедра Чураева Н.С., огоз бахшида кайд карданд, ки Рӯзи Ғалаба яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, рамзи ҷасорат, матонат ва ватандӯстии халқҳо мебошад. Зикр гардид, ки корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш намешаванд ва насли ҷавонро зарур аст, ки ҳамеша хотираи онҳоро пос доранд, аз онҳо сабақи мардонагӣ, садоқат ба Ватан ва ҳифзи сулҳу суботро омӯзанд. Хануз дар огози Чанг фарзандони точик дар катори аввалинхо дар хайати ду дивизия ба чабхахои чанг рафта буданд.Аз кишвари офтобии мо, Точикистон беш аз 300 хазор нафар бевосита дар задухурдхои мардонагихои бемисл зохир кардаанд. Вобаста ба хамин маъсала сарвари давлат чунин изхори андеша намудаанд: “9-май рузи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онхоест, кибарои озодии халкхо чони худро нисор кардаанд. Чашн гирифтани рузи галаба ва эхтиром гузоштан ба таърих, омили мухимтаарини тарбия насли чавони мамлакат дар рухияи ватандустиву ватандори, шучоату мардонаги ва часорату далери мебошад. Таърих танхо дар сахифахои зардшудаи китоб нест, балки хотираи зиндаи миллат аст. Барои он ки бидонем, гузаштагони мо чи гуна кахрамонихо нишон додаанд ва сулхи имруза бо чи бахое ба даст омадааст, моро зарур аст, ки таърихро омӯзем ва хотираи қаҳрамононро ҳамеша гиромӣ дорем.

Хамзамон муаллими калони кафедра Комилов И.Ш., кайд карданд ки соли 1945, баъд аз солҳои тӯлонии ҷанг, инсоният нафаси сабук кашид. Аммо ин нафас бо нархи гарон ба даст омад - бо ҷони миллионҳо одамон, бо ашки модарон, бо орзуҳои ноком ва бо кӯдакони ятиммонда. Аз ҳамин ҷост, ки мегӯянд: «Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд - онҳо дар хотираҳо зиндаанд».Ҷанги Бузурги Ватанӣ - фоҷиаи аср аст. Он яке аз мудҳиштарин давраҳои таърихи башарият буд. Аз соли 1941 то 1945 он тамоми ҷаҳонро ба ларза овард. Ин ҷанг танҳо байни ду артиш набуд, балки байни ҳаёт ва марг, байни нур ва торикӣ, байни инсоният ва ваҳшоният буд.

       Миллионҳо ҷавонписарон ба майдони ҷанг рафтанд, бо умеди он ки Ватанашонро муҳофизат кунанд. Онҳо намедонистанд, ки баргашт хоҳанд кард ё не. Модарон фарзандони худро бо ашк гусел мекарданд, занҳо шавҳарони худро, кӯдакон падарони худро. Дар он солҳо зиндагӣ пур аз тарс буд, вале ҳамзамон пур аз умед низ буд.

       Бигзор хуршеди тобони озоди хамеша бар сари Точикистони азизи мо нурафшони кунад ва садои тиру туп танхо дар сахифахои китобхо боки монад. Мо ба хар як собикадори чанг ва мехнати акибгох таъзими эхтиром ба чо меорем.


08.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php