ХАЙРХОҲӢ ШЕВАИ РАФТОРИ ӮСТ...
14 август яке аз олимони варзидаи соҳаи урологияи тоҷик, ҷарроҳи моҳир, табиби ҳозиқ, доктори илмҳои тиб, профессор Дилшод Неъматович Солиҳов ҷашни зодрӯз дорад.
Пӯшида нест, ки ҳар як инсон дар зиндагӣ орзуи ба эҳтироми дигарон сазовор шуданро дар дил мепарварад, вале мутаассифона ин кор аксаран на ба ҳама муяссар мегардад. Зеро на ҳама қудрати аз худ гузаштан, дар лаҳзаҳои зарурӣ ба кумаки дигарон расидан ва холисона иҷро намудани амалу рафторҳои некро доранд. Бале, маҳз пайравӣ аз ғояҳои олии инсонӣ, самимият, покии тану руҳ ва садоқат ба касбу кори хеш одамро ба ҳурмату эҳтироми дигарон сазовор мегардонад. Дар ҳақиқат ҳам шахсе, ки дар ҳар гуна шароит тозагии ботинии худ ва ҳисси тараҳҳуму хайрхоҳӣ ба дигаронро дар замири хеш устувор нигоҳ медорад, эҳтироми самимии атрофиёнро сазовор аст.
Зимнан, эҳтиром на танҳо эътирофи арзиши як инсон дар ҷомеа, балки натиҷаи амалҳо, рафтор ва муносибати ӯ бо дигарон низ мебошад. Он дар пояи эътимод, садоқат, ростқавлӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ташаккул меёбад.
Профессор Солиҳов Дилшод Неъматович маҳз аз зумраи инсонҳои шарифест, ки ба ҷавониаш нигоҳ накарда аллакай эҳтироми баланди атрофиён, ҳамкасбон ва шогирдони зиёдашро, ки аз ӯ сабақи ҳаётию касбӣ меомӯзанд, ба даст овардааст. Дар 31 солагӣ рисолаи номзадӣ ва дар 38 солагиаш рисолаи доктории худро ҳимоя намуда, инак қариб 30 сол боз ҳамчун олими соҳибунвон ва ҷарроҳи ботаҷриба дар хизмати халқу Ватан мебошад.
Касби табибӣ бошарафтарин амалест, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим инсоният ба он рӯ оварда, баҳри кумак ба дигарон сирру асрори зиёди ин пешаи наҷибро кашф намудааст. Роҳи тайкардаи касбии Дилшод Неъматович Солиҳов чандон тӯлонӣ набошад ҳам вале пур аз саҳифаҳои дурахшонест, ки ҳар кадом барои дигарон намунаи пайравӣ, омӯзиш аз истодагарӣ ва талоши як нафар ҷавони илмдӯст дар роҳи расидан ба ҳадафҳои пешгузоштаи хеш мебошад.
Дилшод Солиҳов 14.08.1972 дар деҳаи Ғалабаи колхози ба номи Ломанови ноҳияи Фархор дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Падараш Неъмат Солиҳов, ки як умр аз касби омӯзгорӣ таъминоти оиларо ба ҷо меовард, тарбияи дурусти 9 нафар фарзандро яке аз вазифаҳои ҷонии ҳаррӯзаи хеш меҳисобид ва кӯшиш мекард, ки ҳар кадоми онҳо аз роҳи донишомӯзӣ пайраҳаи дурусти зиндагии хешро пайдо намоянд. Ин буд, ки ҳамаи панҷ нафар писаронаш соҳиби маълумоти олӣ гашта, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ба халқу Ватан хизмат менамоянд. Дилшод низ дар қатори дигар фарзандони падар соли 1979 ба мактаби миенаи №11 ба номи Гагарин рафта, соли 1989 онро бо баҳои аьло хатм намуд.
Баьди хатми мактаби миена ба Донишгохи давлатии тиббии Точикистон ба номи А.И.Сино дохил шуда соли 1995 онро низ бо бахои хубу аьло ба итмом расонд. Аз рӯзҳои аввали донишҷӯӣ кӯшиши зиёде ба кор мебурд, ки бо малакаҳои касби табибӣ ба қадри зарурӣ ҳарчи зудтар ва амиқтар ошно гардад. Бо ҳамин мақсад ҳанӯз дар ҳамон айёми донишҷӯӣ-солхои 1992 - 1996 дар шуьбаи ҷаррохии кафаси синаи Маркази ҷарроҳии дилу рагҳои Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ба кор даромада, шабона ба ҳайси корманди миенаи тиб фаъолият менамуд. Солҳои 1995 -1996 интернатураро дар соҳаи урология таҳти роҳбарии В.П.Тян дар Донишкадаи таҳсилоти баьдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҶТ ва солхои 1996-1998 ординатураи клиникиро дар ДДТТ ба номи А.И.Сино таҳти роҳбарии мудири кафедраи урология, д.и.т. профессор Т.Р.Қодирӣ хатм намуд. Баьди хатми ординатураи клиникӣ чанд муддате дар Маркази миллии тиббии Қарияи боло (ҳозира Шифобахш) ба хайси духтури урологи навбатдор дар шуьбаи ҷарроҳӣ ба кор кабул шуд.
Соли 2001 бинобар ташкил шудани Маркази клиникии ҷумхуриявии “Урология” дар ММТ “Шифобахш” дар шуьбаи ҷарроҳиву бастабандӣ ба кор даьват шуд. Солхои 1998 -2001 ҳамчун аспиранти кафедраи урология дар мавзуи “Сангҳои дутарафаи гурдаҳо” таҳти роҳбарии мудири кафедраи урология, номзади илми тиб, профессор Осимӣ Аслиддин Сайфиддинович корҳои аввалини илмӣ-таҳқиқотии хешро оғоз кард. Кору фаъолияти илмӣ таҳти роҳбарии ин олими номӣ, ки имрӯз ҳамчун асосгузори илми урология дар Тоҷикистон эътироф гардидааст, барои Дилшоди ҷавон саҳифаҳои нави китоби омӯзиши касбиро боз намуд. Ӯ ҳар рӯз аз пештар дида бештар ҳис менамуд, ки илми урология дар сатҳи ҷаҳонӣ дастовардҳои нави зиёдеро рӯйи кор овардааст, ки ҳанӯз барои мутахассисони ҷумҳурии ҷавони соҳибстиқлоли мо дастрас нестанд. Аз ин рӯ, мақсад гузошт, ки омӯзиши нозукиҳои илми урологияро минбаъд берун аз марзи кишвар идома диҳад.
Бо хамин мақсад бо тавсияи устоди арҷмандаш профессор А.С.Осимӣ моҳи сентябри соли 2001 ба Академияи баьдидипломии шаҳри Санкт Петербурги Россия барои такмили ихтисос дар сохаи андрология дохил шуда, тахти роҳбарии устодон Михайличенко В.В. Новиков В.Н. Тиктинский А.С. Александров В.П. курсхои андрологӣ ва нозукиҳои амалиётҳои ҷарроҳиро аз бар намуд. Баъди бозгашт аз сафари кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз соли 2001 ба ҳайси ассисенти кафедраи урологияи ДДТТ ба номи А.И.Сино ба кор қабул шуд. Акнун ӯ на танҳо худ меомӯхт, балки малакаҳои аллакай азбарнамудаи касбиашро ба донишҷӯён-табибони ҷавони оянда меомӯзонд. Соли 2003 Дилшод Неъматовичро ба сифати мудири дармонгоҳ дар Маркази клиникии ҷумхурияии урология ба кор таъйин намуданд. Пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бошад як самти асосии фаъолияти ҳаррӯзаи ӯро ташкил медод. Дилшод Солиҳов ҳамчун унвонҷӯ таҳти рохбарии д.и.т. профессор Қодири Т.Р. ва д.и.т. профессор Ф.М. Абдурахмонов дар мавзуи “Фаьолияти кори гурдаҳо ҳангоми хомиладории физиологӣ ва оризанок” фаъолияти илмӣ бурда, соли 2003 рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуд. Акнун ӯ дар конфронсу симпозиумҳо ва дигар ҳамоишҳои илмӣ дилпурона баромад намуда, дастовардҳои муосири илми урологияро ба дигар ҳамкасбон муаррифӣ менамуд. Ҳамчун аьзои кумитаи чавонон варзиш ва сайёхии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хастанопазири ҷамъиятӣ пеш мебурд.
Соли 2005 Ҳукумати мамлакат «Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар байни олимони ҷавон»-ро ба ӯ сазовор донист.
Шоҳроҳи донишомӯзии Дилшоди ҷавон акнун боз ҳам васеътар гашта, ӯро ба фатҳи қуллаҳои нави ҳанӯз кашфношуда ҳидоят менамуд. Ин буд, ки соли 2006 - ум аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кадри ояндадори соҳаи тиб ба Донишгохи давлатии тиббии шаҳри Санкт Петербург ба номи академик И.П.Павлов ба ҳайси докторанти мақсаднок фиристода шуда, дар кафедраи урология таҳти роҳбарии мудири кафедраи урология Салман Хасунович Ал - Шукри дар мавзуи «Арзёбии муқоисавии усулҳои муосири табобати беморони простатити музмин» таҳқиқотҳои илмиро идома дод. Давоми панҷ соли омӯзиш на танҳо доираи маҳорату малакаи касбии хешро боз ҳам васеътар намуд, балки ҳамзамон тарзи кор бо бисёр технологияҳои навини соҳаи ҷарроҳии урологиро ба хубӣ аз бар кард. Соли 2010 бошад рисолаи докториашро бомуваффақият ҳимоя намуда, бо сари баланд ба Ватан баргашт. Баьди бозгашт ҳамчун мутахассиси варзида ва аллакай олими ҷавону соҳибунвон Д.Н.Солиҳовро ба ҳайси мудири шуьбаи дармонгоҳи Маркази клиликии ҷухуриявии урология ва баьдан мудири шуьбаи андрология таъйин намуданд. Соли 2011 бошад тибқи озмун ба ҳайси мудири кафедраи урогияи ДДТТ ба номи А.И.Сино интихоб гардид, ки то соли 2015 дар ин вазифа сарбаландона кору фаъолият намуд. Солҳои 2015-17 вазифаи муовини ректор оид ба таьлими ДДТТ ба номи А.И.Синоро ба зимма дошт.
Айни замон доктори илмҳои тиб Дилшод Неъматович Солиҳов ҳамчун професори кафедраи урологияи ДДТТ ба номи А.И.Сино ба таълиму тарбияи мутахассисони ҷавони соҳаи тиб машғул буда, дар ин ҷода низ бо меҳнати ҳалолу софдилона ва ҳисси дилсӯзӣ ба касбу садоқату боварӣ ба ояндаи дурахшони илми тибби тоҷик эҳтироми баланди шогирдону ҳамкасбонро сазовор гаштааст. Профессор Д.Н.Солиҳов муалифи зиеда аз 180 маколахои илмӣ, 2 монография ва қариб даҳ ихтироот дар соҳаҳои урология ва андрология мебошад.
Дилшод Неъматович Солиҳов борҳо дар конфронсҳои илмии байналмилалӣ дар кишвархои Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон Федератсияи Россия, Молдавия, Италия, Шветсия, Ҷумхурии мардумии Чин иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карда, имкониятҳои имрӯзаи илми тибби тоҷикро муаррифӣ намудааст. Инчунин, дар якчанд ҳамоишҳои илмӣ дар хориҷи кишвар раисӣ намуда, аз худ қобилияти баланди ташкили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар сатҳи байналмилалиро зоҳир намудааст. Д.Н.Солиҳов муовини раиси Ассотсиатсияи урологҳои Тоҷикистон, аъзои Ассотсиатсияи урологҳо ва андрологҳои ФР, узви ҳақиқии Ассотсиатсияи урологҳои Аврупо мебошад. Соли 2025 факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Бале, эҳтиром як эҳсоси бунёдӣ аст, ки асоси ҷомеаи солим ва муносибатҳои байни одамонро муайян месозад. Он на аз қудрату сарват, балки аз амалҳое, ки хислатҳои баланди ахлоқии инсонро инъикос мекунанд, сарчашма мегирад. Эҳтироми дигарон ростқавлӣ, ҷасорат, хайрхоҳӣ ва самимияту хоксориро тақозо менамояд. Ин амалҳое ҳастанд, ки на барои манфиати шахсӣ, балки барои хушбахтии дигарон, таҳти ифодаҳои адолат, хайру саховат ва ростию ҳақиқат анҷом дода мешаванд. Эҳтиром аз ҷониби одамоне ба даст оварда мешавад, ки сарфи назар аз мушкилот ва монеаҳо, ба принсипҳо ва ормонҳои олии инсонӣ содиқ мемонанд.
Устоди арҷманд, профессор Дилшод Неъматович Солиҳов, ки ному унвони баландро аз меҳнатдӯстию садоқат ба касб ва дилсӯзию хайрхоҳӣ ба ниёзмандону корафтодагон ёфтааст, имрӯз дар айни камолоти илмию эҷодӣ буда, хизмати софдилонаи тиббӣ ба мардум ва тарбияи шоистаи шогирдони сазовори давру замонро вазифаи ҳаррӯзаи ҷонии хеш меҳисобад. Ӯро бо ҷашни мавлуд аз номи ихлосмандони зиёдаш сидқан табрику таҳният гуфта, таманнои онро мекунем, ки ба қуллаҳои нави ҳанӯз кашфношудаи илму маърифат қадамҳои боз ҳам устувортару солорона гузоранд.
Маҳмадназар Мазиёев, узви ИЖТ,
Аълочии фарҳанги ҶТ