КАФЕДРАИ СТОМАТОЛОГИЯИ МУОЛИҶАВӢ: ДАСТОВАРДҲОИ НАВ ДАР ПАРТАВИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

КАФЕДРАИ СТОМАТОЛОГИЯИ МУОЛИҶАВӢ: ДАСТОВАРДҲОИ НАВ ДАР ПАРТАВИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Дар партави сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, низоми таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла соҳаи тиб, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ин радиф, ҳайати омӯзгорону кормандони кафедраи стоматологияи муолиҷавии Донишгоҳ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои арзанда ва дастовардҳои илмӣ-таълимӣ истиқбол мегиранд.

Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ яке аз сохторҳои бонуфузи донишгоҳ буда, соли 1979 таъсис ёфтааст. Дар тӯли фаъолияти худ кафедра дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи стоматология, рушди илми тиб ва такмили сифати таълим саҳми арзанда гузоштааст.

Дар панҷ соли охир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати омӯзгорон корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, 16 нафар омӯзгорони кафедра аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, нишондиҳандаи тахассуснокии асосии кормандони кафедра ба 76,25 фоиз расидааст, ки ин далели таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рушди неруи инсонӣ ва мутобиқ намудани сатҳи дониш ба талаботи замони муосир мебошад.

Яке аз дастовардҳои муҳими кафедра дар самти таъмини сифати таҳсилот гузаштани факултети стоматологӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ мебошад. Соли 2019 факултет бори аввал аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соли 2024 такроран ин мақоми муҳимро соҳиб гардид. Ин муваффақият аз мутобиқати фаъолияти таълимӣ ва илмии факултет ба стандартҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Дар самти таъминоти методӣ ва таҳияи адабиёти таълимӣ низ фаъолияти пурсамар ба роҳ монда шудааст. Давоми панҷ соли охир омӯзгорони кафедра 2 китоби дарсӣ, 10 дастури таълимӣ ва 4 дастурамали таълимиро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва нашр намудаанд, ки дар беҳтар намудани раванди таълим ва дастрасии донишҷӯён ба манбаъҳои муосири илмӣ нақши муҳим доранд.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорони кафедра низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Солҳои охир омӯзгорон дар маҷаллаҳои байналмилалии индексатсияшавандаи СКОПУС- 2 мақолаи илмӣ, дар маҷаллаҳои Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия 8 мақола ва дар маҷаллаҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 мақолаи илмӣ ба нашр расонидаанд. Ҳамчунин, аз рӯйи ихтисос 2 рисолаи илмӣ бомуваффақият ҳимоя гардидааст, ки аз рушди иқтидори илмии кафедра ва саҳми он дар пешбурди илми стоматология шаҳодат медиҳад.

Дастовардҳои донишҷӯён низ боиси ифтихор мебошанд. Донишҷӯёни ихтисоси стоматология дар Олимпиадаи якуми байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, бо дипломҳои ифтихорӣ сарфароз гардидаанд. Ин натиҷаҳо аз сатҳи баланди омодагии касбӣ ва назариявии донишҷӯён дарак медиҳанд.

Дар баробари ин, омӯзгорони кафедра дар 17 конференсия ва ҳамоишҳои илмии сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, бо маърӯза ва суханрониҳои худ дастовардҳои илмии донишгоҳ ва мактаби стоматологияи Тоҷикистонро муаррифӣ кардаанд.

Имрӯз кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ бо такя ба таҷрибаи чандинсола, иқтидори илмӣ ва кадрии худ барои татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ва тандурустӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир саҳми арзанда мегузорад. Ҳайати омӯзгорону кормандони кафедра 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол намуда, барои ноил гардидан ба муваффақиятҳои боз ҳам бештар талош меварзанд.

ШУЪБАИ ИТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


04.07.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php