ҒИЗОИ СОЛИМ

ҒИЗОИ СОЛИМ

Дар Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста тадбирҳои зарурию саривақтӣ амалӣ карда мешаванд. Яке аз чунин чораандешиҳо ин қабули Барномаи «Пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» барои пешгирӣ аз афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад. Истеъмоли таъоми серғизо ва аз ҷиҳати экологӣ тоза боиси хуб рушд ёфтани ҷисми инсон гардида, дар баробари ин ҳолати фикрониро низ беҳтар менамояд. Мутахассисон истеъмоли ғизои хушсифатро дар давраҳои гуногун, хоса, дар айёми мактабхонӣ хеле муҳим арзёбӣ мекунанд. Агар инсон дар як рўз се маротиба ғизо истеъмол кунад, қисмати асосии ғизо дар пагоҳӣ ва нисфирўзӣ, яъне, то 80-85 фоизро ташкил дода, барои афзоиши ақлонӣ, ҷисмонӣ ва фаъолияти пурсамари организм, таъмини энергия нақши асосиро мебозад. Барои нигоҳдошти мувозинати дохилии организм донистани таркиби кимиёвии маҳсулоти ғизоӣ барои инсон ниҳоят зарур мебошад, зеро маводи ғизоӣ, аз ҷумла, сафедаҳо, равғанҳо, ангиштобҳо, моддаҳои минералӣ, витаминҳо дар афзоиши мубодилаи маводи дохилии организм ва дигар равандҳои дохилии он иштироки бевосита дорад.

Дар интихоби маводи ғизоӣ аҳамияти ҷиддӣ бояд дода шавад.

 


14.07.2023 2079

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php