ИЗҲОРИ СИПОС БАРОИ ҲАМКОРИИ СУДМАНД ДАР САМТИ ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ
Тайи се соли охир ҳайати омузгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳ дар самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аз ҷумла, дар ин давра танҳо аз рӯйи ихтисосҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ 6 рисолаи номзадӣ ва як рисолаи докторӣ ҳимоя гардида, ду рисолаи дигар аз марҳилаи пешдифоъ гузаштаанд.
Дар ин дастовардҳо саҳми Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон назаррас буда, ҳамкории судманд ва дастгирии пайвастаи он дар таҳкими иқтидори илмии кафедра ва омода намудани мутахассисони соҳибунвон нақши муҳим дорад.
Бо дарназардошти ин, раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ҳайати омузгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ба директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадизода Н. Д., раиси Шурои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисоси фалсафа, профессор Қурбонов А. Ш., котиби Шурои диссертатсионӣ, номзади илмҳои фалсафа Қурбоншоев И. Ҷ. ва тамоми аъзои Шуро - олимону муҳаққиқони варзидаи кишвар барои ҳамкории пурсамар, дастгирии ташаббусҳои илмӣ, мусоидат дар омода ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва саҳми арзандаашон дар рушди илми ватанӣ изҳори сипосу миннатдории самимӣ менамоянд.
Итминон дорем, ки ҳамкориҳои судманди байни Донишгоҳ ва Институт дар оянда низ густариш ёфта, барои тарбияи насли нави муҳаққиқон, таҳкими мактабҳои илмӣ ва рушди илми фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.