ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ВА ТАҲКИМИ ФАЗОИ ҲАМДИЛИВУ ҲАМКОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ВА ТАҲКИМИ ФАЗОИ ҲАМДИЛИВУ ҲАМКОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар шароити рушди ҷомеаи муосир ва густариши муносибатҳои иҷтимоӣ нақши иттифоқҳои касаба ҳамчун ниҳоди ҳимоятгару муттаҳидсозандаи кормандон беш аз пеш муҳим арзёбӣ мегардад. Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ низ бо дарки масъулияти баланд дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии омузгорону кормандон, таҳкими муҳити солими меҳнатӣ ва густариши фазои ҳамдиливу ҳамкорӣ фаъолияти назаррасро ба роҳ мондааст.

Имрӯз Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ ҳамчун такягоҳи боэътимоди ҳайати омузгорону кормандон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ саҳми арзанда мегузорад. Маҳз тавассути фаъолияти пайгирона ва ташаббусҳои созандаи ин ниҳод миёни кормандон рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирӣ ва эҳтироми мутақобила таҳким ёфта, муҳити мусоиди фаъолияти касбӣ фароҳам оварда шудааст.

Роҳбарии ин ниҳоди муҳимро табиби ҳозиқ ва шахси масъулиятшинос Одинаев И. С. бар уҳда дошта, ӯ ҳамеша дар ҳимояи манфиатҳои омузгорону кормандон нақши фаъол мебозад. Бо ибтикору талошҳои пайвастаи ӯ масъалаҳои марбут ба шароити иҷтимоӣ, дастгирии маънавӣ ва ҳавасмандсозии кормандон дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд. Маҳз чунин муносибати ғамхорона боис гардидааст, ки фаъолияти Иттифоқи касаба дар байни ҳайати меҳнатӣ мақому эътибори баланд касб намояд.

Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ дар баробари ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, инчунин дар ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ ҳамқадами раёсати Донишгоҳ мебошад. Баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ, чорабиниҳои идона, аксияҳои хайриявӣ ва ҳамоишҳои маърифатӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки барои таҳкими фазои дӯстиву ҳамбастагӣ мусоидат менамоянд. Ин тадбирҳо на танҳо руҳияи кормандонро болида мегардонанд, балки ҳисси масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба муҳити кориро низ тақвият мебахшанд.

Дар баробари ин, Иттифоқи касаба дар корҳои ободонӣ, дастгирии кормандони ниёзманд ва расонидани кумакҳои иҷтимоӣ низ фаъолона саҳм мегузорад. Ҳангоми ба миён омадани мушкилоти зиндагӣ кормандон ҳамеша дастгирии ин ниҳодро эҳсос менамоянд. Чунин муносибати инсондӯстона ва ғамхорӣ ба ҳар як узви коллектив омили муҳими таҳкими фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз, ки ҷомеа ба ваҳдату ҳамгироӣ ва ҳамкории созанда бештар ниёз дорад, фаъолияти Иттифоқи касаба дар Донишгоҳ намунаи ибрат ва мактаби ҳамдиливу ҳамраъйӣ мебошад. Ҳамоҳангии фаъолияти ин ниҳод бо раёсати Донишгоҳ имкон фароҳам овардааст, ки бисёр масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сари вақт ҳалли худро пайдо намоянд.

Боварии комил аст, ки Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ минбаъд низ дар самти ҳифзи манфиатҳои кормандон, таҳкими муҳити солими меҳнатӣ ва густариши фазои дӯстиву ҳамкорӣ нақши муассир гузошта, барои пешрафти фаъолияти Донишгоҳ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


22.05.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php