ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ ДАР ДАРСИ АМАЛИИ ФАННИ «ТАЪРИХИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН»

ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ ДАР ДАРСИ АМАЛИИ ФАННИ «ТАЪРИХИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН»

Дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ дарси амалии фанни «Таърихи муосири Тоҷикистон» бо истифода аз усулҳои муосири таълим баргузор гардид. Раванди таълим аз ҷониби Нурматова М. Р. ташкил ва роҳбарӣ карда шуд.

Дар ҷараёни дарс таҷрибаи ғании омузгор, ки солҳои зиёд дар Донишкадаи такмили ихтисоси омузгорони ҷумҳуриявӣ фаъолият намудааст, ба таври самаранок истифода гардид. Усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла кори гурӯҳӣ, пур кардани саволномаҳо, таҳияи ва пешниҳоди презентатсияҳои гурӯҳӣ ва дигар шаклҳои интерактивӣ ба таври моҳирона ба роҳ монда шуданд.

Истифодаи чунин усулҳо ба баланд бардоштани сатҳи иштироки фаъолонаи донишҷӯён, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва таҳкими донишҳои назариявӣ мусоидат намуд. Дарс бо муҳити созанда ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён ҷараён гирифта, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуд.


23.04.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php