ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАМЧУН ОМИЛИ ХУДШИНОСӢ ВА ЭҲЁИ МИЛЛАТ (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАМЧУН ОМИЛИ ХУДШИНОСӢ ВА ЭҲЁИ МИЛЛАТ (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

Истиқлолият ҳамчун падидаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ шакли олии соҳибихтиёрии давлат ба ҳисоб рафта, дар низоми давлатдории муосир пояи асосии ташаккули ҳокимияти миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Барои халқи тоҷик ин неъмати бебаҳо на танҳо рамзи озодӣ, балки оғози марҳилаи нави таърихии давлатсозии миллӣ, ташаккули иқтисоди муосир ва таҳкими худшиносии миллию сиёсӣ маҳсуб меёбад.

9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро ба даст овард, ки ин рӯйдод дар таърихи навини миллат нуқтаи гардиши сарнавиштсоз гардид. Аз ҳамин давра кишвар ба марҳилаи гузариш аз низоми мутамаркази шӯравӣ ба иқтисоди бозорӣ ва бунёди давлатдории демократӣ ворид шуд.

Аз нигоҳи илмҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, истиқлолият заминаи асосии пешбурди сиёсати мустақили давлатӣ, аз ҷумла сиёсати молиявӣ, буҷетӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Давлати соҳибистиқлол имконият дорад, ки захираҳои табиӣ, меҳнатӣ ва молиявии худро мустақилона идора намуда, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиро муайян созад.

Солҳои аввали истиқлолият бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла буҳрони идоракунӣ, таназзули истеҳсолот ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳ гардиданд. Ин раванд ба иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ расонида, сатҳи зиндагии аҳолиро паст намуд.
Бо вуҷуди ин, барқарор гардидани сулҳу субот ҳамчун омили ҳалкунанда барои рушди минбаъдаи давлатдорӣ хизмат кард. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) заминаи устувори сиёсӣ ва иқтисодиро фароҳам оварда, барои эҳёи иқтисоди миллӣ ва рушди инфрасохтор шароит муҳайё намуд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ пояҳои давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро таҳким бахшид. Ин ҳуҷҷат барои рушди устувори институтҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Дар давраи истиқлолият иқтисодиёти миллӣ тадриҷан рушд намуда, ба самти саноатикунонӣ ва диверсификатсия равона гардид. Рушди соҳаи энергетика, бахусус бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун”, барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.

Ҳамзамон, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, сохтмони роҳҳо ва нақбҳои муҳим ба беҳтар гардидани пайвастагии иқтисодӣ ва коҳиши хароҷоти логистикӣ мусоидат намуд. Ин равандҳо ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсири мусбат расониданд.

Дар баробари ин, соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, илм ва тандурустӣ, рушд ёфта, ба ташаккули сармояи инсонӣ мусоидат карданд. Баланд гардидани сатҳи маърифат ва худшиносии миллӣ омили муҳими устувории давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти фаъол ва комилҳуқуқ шинохта шуда, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла об, иқлим ва рушди устувор, ташаббусҳои муҳим пешниҳод менамояд.

Хулоса, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи сарнавиштсоз буда, заминаи асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро ташкил медиҳад. Пойдории он ба ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандон вобаста мебошад. Маҳз тавассути ин омилҳо Тоҷикистон метавонад роҳи рушди устувор ва пешрафти худро дар оянда таъмин намояд.

 

Мирзоева Г.Ҳ. - омузгори калони кафедраи забонхои хоричӣ


06.05.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php