ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТАНДУРУСТИИ МИЛЛӢ - 2026» ДАР ШАҲРИ МОСКВА

ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТАНДУРУСТИИ МИЛЛӢ - 2026» ДАР ШАҲРИ МОСКВА

Дар доираи Конгресси миллии панҷуми «Тандурустии миллӣ - 2026», ки рӯзҳои 2-3 ноябри соли 2026 дар шаҳри Москва баргузор гардид, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ низ дар ҳайати иштирокчиён ҳузур дошта, дар муҳокимаи масъалаҳои мубрами рушди соҳаи тандурустӣ ва илми тиб иштирок намуд. Дар чорабинӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода суханронӣ намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки рушди низоми тандурустӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ибрози назар кард. Иштироки роҳбарияти Донишгоҳ дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ барои таҳкими робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва табобатӣ, инчунин густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои бонуфузи тиббии кишварҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


06.11.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php