ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР АНҶУМАНИ ЯКУМИ САРАТОНШИНОСОН ВА РАДИОЛОГҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР АНҶУМАНИ ЯКУМИ САРАТОНШИНОСОН ВА РАДИОЛОГҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16-уми октябри соли 2026 дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe»-и шаҳри Душанбе Анҷумани якуми саратоншиносон ва радиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Онкология ва радиологияи муосир: ташхиси барвақтӣ, тибби дақиқ, радиотерапияи пешрафта ва ҳамгироии илм ба амалияи миллии тандурустӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Акбар Муродзода, ректори МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббатзода Ҷиёнхон, инчунин олимону мутахассисони варзидаи соҳаи саратоншиносӣ аз кишварҳои Россия, Чин, Швейтсария, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Эрон иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории Анҷуман баррасии масъалаҳои мубрами пешгирӣ, ташхиси барвақтӣ ва табобати бемориҳои саратонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ташхису табобат, табодули таҷрибаи илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ арзёбӣ гардид.

Зимни суханрониҳо ба масъалаҳои рушди хадамоти саратоншиносӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва татбиқи «Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар доираи Анҷуман олимону мутахассисони ватанию хориҷӣ оид ба усулҳои муосири ташхис ва табобати бемориҳои саратонӣ, аз ҷумла саратоншиносии кӯдакон, омосҳои сару гардан, бемориҳои саратонии узвҳои гуногун, табобати доруворӣ ва кумаки паллиативӣ маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими чорабинӣ ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои илмию амалӣ миёни Маркази миллии таҳқиқотии тиббии гематология, онкология ва иммунологияи кӯдакона ба номи Дмитрий Рогачёви Федератсияи Россия ва Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Иштироки ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ дар ин ҳамоиши сатҳи баланд аз аҳаммияти ҳамгироии илму таҳсилоти тиббӣ бо амалияи клиникӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва истифодаи дастовардҳои муосири илмӣ дар рушди соҳаи тандурустии кишвар шаҳодат медиҳад.

Дар анҷоми ҳамоиш қатъномаи Анҷуман қабул гардида, самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи соҳаи саратоншиносӣ ва радиология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуданд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


20.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php