ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР АНҶУМАНИ XV САРАТОНШИНОСОН ВА РАДИОЛОГҲОИ ИДМ ДАР МИНСК
Аз 22 то 24 апрели соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия Анҷумани XV саратоншиносон ва радиологҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавииии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, сармутахассиси соҳаи саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло иштирок намуд.
Анҷуман мутахассисони пешбари соҳаи онкология, радиология, ташхиси шуоъӣ ва терапияи шуоъиро аз кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур гирд оварда, ба баррасии тамоюлҳои муосири рушди хизматрасонии онкологӣ, такмили усулҳои ташхиси барвақтӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар табобати омосҳои бадсифат бахшида шуд.
Дар доираи барномаи илмӣ масъалаҳои калидии онкологияи муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи махсус ба скрининг ва ошкорсозии барвақтии бемориҳои саратонӣ, аз қабили саратони ғадуди ширӣ, гарданаки бачадон, рӯдаи ғафс ва шуш равона гардид. Ҳамзамон, нақши муассисаҳои аввалияи тандурустӣ дар ташхиси саривақтӣ ва татбиқи барномаҳои оммавии скрининг баррасӣ шуд.
Дар бахшҳои радиология ва терапияи шуоъӣ масъалаҳои татбиқи технологияҳои пешрафта, аз ҷумла истифодаи суръатбахшҳои хаттӣ, банақшагирии 3D ва 4D, инчунин ҷорӣ намудани имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ташхис ва табобат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Натиҷаҳои тадқиқотҳои клиникӣ, ки самаранокии усулҳои муосири радиотерапияро нишон медиҳанд, пешниҳоди иштирокдорон гардиданд.
Ҳамчунин, ба масъалаҳои рушди хадамоти онкологӣ, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, таъсиси реестрҳои ягонаи онкологӣ ва такмили идоракунии кӯмаки тиббӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Масоили баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони тиб ва густариши равиши бисёрсоҳавӣ дар табобати бемориҳои онкологӣ низ дар меҳвари муҳокима қарор доштанд.
Дар доираи анҷуман вохӯриҳои корӣ ва музокироти дуҷониба бо намояндагони кишварҳои гуногун баргузор гардида, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки мутобиқсозии стандартҳои байналмилалӣ ба низоми миллии тандурустӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ аҳамияти муҳим дорад.
Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ имконият фароҳам овард, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ омӯхта шуда, робитаҳои касбӣ бо мутахассисони пешбари соҳа таҳким ёбанд. Донишу таҷрибаи бадастомада дар такмили минбаъдаи хадамоти онкологӣ ва баланд бардоштани сифати кӯмаки тиббӣ дар кишвар истифода хоҳад шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои анҷуман як қатор самтҳои афзалиятнок муайян гардиданд, аз ҷумла густариши барномаҳои скрининг, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва рушди иқтидори кадрӣ.
Қобили зикр аст, ки дар рафти анҷуман Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло дар ду ҷаласаи сексионӣ ҳамчун модератор иштирок намуда, аз ҷониби Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев бо сипоснома барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи саратоншиносӣ қадрдонӣ гардид.
Ин иштирок ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи касбии ҷаҳонӣ дар соҳаи онкология ва радиология арзёбӣ мегардад.