ИШТИРОКИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ ДАР БАРНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМУЗИШӢ ВА ФОРУМИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ДАР ЧИН

ИШТИРОКИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ ДАР БАРНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМУЗИШӢ ВА ФОРУМИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ДАР ЧИН

Аз 10 то 24 октябри соли 2026 Халифаева Шоҳина, дотсенти кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияҳои иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», дар барномаи байналмилалии омӯзишии «International Training Program on Extreme Climate Events and Impacts along the Belt and Road» дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуд.

Барномаи дуҳафтаина аз ҷониби муассисаҳои илмии Чин, аз ҷумла Институти муҳити зист ва замини Академияи илмҳои Чин (Institute of Earth Environment, Chinese Academy of Sciences), ташкил гардида, ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои илмӣ, рушди малакаҳои таҳқиқотӣ, шиносоӣ бо технологияҳои муосир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ равона шуда буд.

Дар давоми омӯзиш иштирокчиён дар лексияҳои илмӣ, семинарҳо ва машғулиятҳои амалӣ ширкат варзида, бо дастовардҳои муосир дар самти таҳқиқоти иқлимӣ, мониторинги муҳити зист, усулҳои физикии мушоҳида ва коркарди маълумоти илмӣ шинос шуданд. Лексияҳо аз ҷониби олимон ва профессорони соҳибтаҷриба пешниҳод гардида, масъалаҳои назариявӣ бо натиҷаҳои таҳқиқоти муосир ва мисолҳои амалӣ шарҳ дода мешуданд. Қисмати муҳими омӯзишро машғулиятҳои саҳроӣ ва боздид аз марказҳои илмӣ ташкил медоданд. Иштирокчиён бо таҷҳизоти муосири ченкунӣ, усулҳои ҷамъоварӣ ва коркарди намунаҳои табиӣ, технологияҳои мушоҳидаи фосилавӣ (Remote Sensing) ва тарзи ташкили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ шинос гардиданд.

Барои фаъолияти илмӣ-педагогӣ дар самти физикаи тиббӣ ва биологӣ, инчунин технологияҳои иттилоотӣ, шиносоӣ бо усулҳои муосири ченкунии физикӣ, коркарди рақамии маълумот ва таҳлили натиҷаҳои таҷрибавӣ аҳамияти махсус дорад. Дониш ва таҷрибаи бадастомада метавонанд ҳангоми таълими усулҳои физикии таҳқиқот, таҳлили маълумоти илмӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим мавриди истифода қарор гиранд.

15 октябри соли 2026 дотсенти донишгоҳ дар силсилаи чорабиниҳои байналмилалии табодули илмию техникӣ ва фарҳангии Чин ва Осиёи Марказӣ – 2026 («2026 China–Central Asia Science, Technology and Cultural Exchange Series») иштирок намуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои гуногун масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва дастгирии олимони ҷавонро баррасӣ карданд.

Рӯзҳои 16–17 октябри соли 2026 дар шаҳри Сиан Форуми олимони ҷавони Роҳи Абрешим оид ба ҳодисаҳои шадиди иқлимӣ ва таъсири онҳо (Silk Road Early-Career Scientists Forum on Extreme Climate Events and Impacts) баргузор гардид, ки дар он Халифаева Шоҳина бо маърӯзаи илмии «Extreme Dust Event over Dushanbe, Tajikistan (4–6 July 2022)» («Ҳодисаи шадиди чангу ғубор дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон, 4–6 июли соли 2022») баромад намуд. Дар маърӯза натиҷаҳои таҳқиқоти атмосферӣ дар шаҳри Душанбе бо истифода аз усулҳои физикии ченкунӣ, технологияҳои оптикии мушоҳидаи фосилавӣ ва таҳлили маълумоти таҷрибавӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, натиҷаҳои мушоҳидаҳои лидарӣ, ченкунии зарраҳои муаллақи PM₂.₅ ва PM₁₀ ва таҳлили маълумоти атмосферӣ баррасӣ шуданд. Мавзуи мазкур дорои аҳамияти байнисоҳавӣ буда, истифодаи усулҳои физикӣ ва технологияҳои муосири таҳлили маълумотро дар омӯзиши омилҳои муҳити зист нишон медиҳад.

Яке аз рӯйдодҳои хотирмони форум баргузории муколамаи илмии «Senior–Youth Dialogue» («Муколамаи олимони соҳибтаҷриба ва ҷавон») буд, ки дар он Халифаева Шоҳина ба ҳайси баранда ва модератор иштирок намуд. Дар ҷараёни ин муколама профессорони шинохта бо олимони ҷавон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, аз таҷрибаи чандинсолаи илмии худ нақл карданд. Онҳо доир ба мушкилоте, ки муҳаққиқон дар роҳи фаъолияти илмӣ дучор мешаванд, роҳҳои бартараф намудани монеаҳо, аҳамияти таҳқиқоти пайваста, рушди малакаҳои касбӣ ва ноил гардидан ба муваффақият дар илм андешаҳои ҷолиб баён намуданд. Муколама дар фазои дӯстона ва пурмазмун баргузор гардида, ба иштирокчиён имконият дод, ки аз дониш ва таҷрибаи олимони соҳибтаҷриба баҳра баранд. Роҳбарии чунин чорабинии байналмилалӣ барои такмили малакаҳои муоширати илмӣ, пешбурди мубоҳисаҳо ва ташкили суҳбатҳои илмӣ таҷрибаи арзишманд гардид. Ин малакаҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ, ташкили семинарҳо ва конференсияҳои илмӣ низ аҳамияти муҳим доранд.

Иштирок дар барномаи байналмилалӣ ба васеъ гардидани ҷаҳонбинии илмӣ, такмили малакаҳои таҳқиқотӣ, шиносоӣ бо равишҳои нави истифодаи технологияҳои муосир ва таҳкими робитаҳои касбӣ мусоидат намуд. Донишҳои бадастомада метавонанд барои такмили фаъолияти илмӣ-педагогӣ, истифодаи усулҳои муосири таҳқиқот ва ғанӣ гардонидани мазмуни таълим дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияҳои иттилоотӣ муфид бошанд. Пас аз анҷоми барномаи байналмилалии дуҳафтаина ба Халифаева Шоҳина сертификати хатми омӯзиш супорида шуд.


31.10.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php