ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ
Дар доираи тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ, Амонзода Сабоҳат Бобишо дар як қатор барномаҳои телевизионӣ иштирок намуда, андешаҳои судманд иброз доштанд.
Аз ҷумла, дар шабакаи телевизионии «Сафина» дар барномаи «Мулоҳиза» мавзуи муҳим «Дар амал татбиқ гардидани Барномаи давлатии рушди оила» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни суҳбат зикр гардид, ки оила ҳамчун пояи асосии ҷомеа нақши калидӣ дошта, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти таҳкими он барои рушди устувори ҷомеа мусоидат менамояд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва ҳифзи арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар шабакаи телевизионии «Душанбе» дар барномаи «Тамаддун ва ҷомеа» мавзуи «Либос ҷузъи фарҳанги миллӣ» баррасӣ гардид. Раиси Шурои занону духтарон дар баромади худ иброз доштанд, ки либоси миллӣ на танҳо як унсури зоҳирӣ, балки нишонаи ҳувият, таърих ва фарҳанги миллат мебошад. Таъкид гардид, ки ҳифз ва тарғиби либоси миллӣ, махсусан миёни ҷавонон, барои нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ ва пешгирии бегонапарастӣ аҳамияти калон дорад.
Иштироки намояндаи Донишгоҳ дар чунин барномаҳои муҳими телевизионӣ далели равшани мавқеи фаъоли муассиса дар тарбияи маънавию фарҳангии ҷомеа буда, ба баланд бардоштани сатҳи маърифат ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА