ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ВА ОМӮЗГОРОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ: ДАСТОВАРДҲО ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ РУШДИ КАСБӢ

ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ВА ОМӮЗГОРОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ: ДАСТОВАРДҲО ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ РУШДИ КАСБӢ

Дар шароити муосир иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва омӯзгорон дар конфронсҳои байналмилалӣ, олимпиадаҳо ва форумҳои илмӣ омили муҳими рушди касбӣ ва илмӣ ба ҳисоб меравад. Қайд карданист, ки донишҷӯён ва кормандони муассисаи мо дар чунин чорабиниҳо фаъолона ширкат варзида, сатҳи баланди дониш ва омодагиро нишон дода, соҳиби ҷойҳои намоён, дипломҳо ва сертификатҳо мегарданд.

Донишҷӯи гурӯҳи 46-уми факултети тиббӣ Ясоева Фарида дар Мусобиқаи байналмилалии корҳои таҳқиқотии илмии ҷавонон «Грани мировой науки» ширкат варзида, бо дипломи дараҷаи II сарфароз гардонида шуд. Ин муваффақият сатҳи баланди донишҳои назариявӣ, маҳорати таҳқиқотӣ ва фаъолияти илмии ӯро нишон медиҳад.

Донишҷӯи гурӯҳи 40-уми тиббӣ Шарипова Нозанин дар Олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ оид ба забони русӣ «Язык и медицина» ширкат намуда, соҳиби дипломи дараҷаи II гардид. Натиҷаи ӯ далели дониши амиқ ва омодагии хуби ӯ мебошад.

Донишҷӯи гурӯҳи 80-уми тиббӣ Ҷемилат Браимах дар “International Erzurum Scientific Research Congress”, “Форуми байналмилалии ҷавонони тиббӣ” ва “The ASERS International Scientific Studies Congress” иштирок карда, бо сертификатҳои иштироккунанда сарфароз гардонида шуд.

Донишҷӯи гурӯҳи 79-уми тиббӣ Ezezue Ogechukwu Matilda дар “International Mediterranean Scientific Research Congress” ва “The ASERS International Scientific Studies Congress” ширкат варзида, сертификатҳои иштироккунандаро дарёфт намуд.

Донишҷӯи гурӯҳи 66-уми тиббӣ Алимаматова Зулхумор дар “The ASERS International Scientific Studies Congress” иштирок карда, бо сертификати иштироккунанда қадрдонӣ шуд.

Қобили зикри махсус аст, ки ассистентони кафедраи забонҳои хориҷӣ Силемоншоева Н.С. ва Кодирова Вазира дар “The ASERS International Scientific Studies Congress” иштирок намуданд. Дар натиҷаи чорабинӣ онҳо бо сертификатҳои иштироккунанда мукофотонида шуда, барои роҳнамоии донишҷӯён низ қадрдонӣ гардиданд. Иштироки омузгорон дар чунин форумҳои байналмилалӣ боиси баланд бардоштани тахассус, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ба донишҷӯён ва омӯзгорон барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои байналмилалии илмӣ изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти илмӣ ва таълимӣ муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу менамояд.

Кафедраи забонҳои хориҷӣ


19.05.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php