ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНГРЕССИ III БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҶАРРОҲИИ МЕТАБОЛИКӢ ВА БАРИАТРӢ

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНГРЕССИ III БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҶАРРОҲИИ МЕТАБОЛИКӢ ВА БАРИАТРӢ

3-4-уми июли соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Конгресси III-уми байналмилалӣ таҳти унвони «Чолишҳо ва тамоюлҳо дар ҷарроҳии бариатрӣ ва метаболикӣ» баргузор гардид. Конгресс аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи тиббии Остона ва Федератсияи умумиҷаҳонии ҷарроҳии фарбеҳӣ ва бемориҳои метаболикӣ (IFSO) ташкил карда шуд.

Барномаи Конгресс ҷаласаҳои пленарӣ, маърӯзаҳои илмӣ, дарсҳои амалӣ (мастер-классҳо) ва муҳокимаҳои бисёрсоҳавиро дар бар гирифта, ба дастовардҳои муосир ва дурнамои рушди ҷарроҳии метаболикӣ ва бариатрӣ бахшида шуда буд. Дар кори форум мутахассисони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла профессор Скотт Алан Шикора (ИМА), профессор Алмантас Малецкас (Литва), профессор Казунори Касама (Ҷопон), профессор Нассар Сакран (Исроил), профессор Четан Пармар (Британияи Кабир), профессор Коба Сачехидзе (Гурҷистон), профессор Ю.И. Яшков (Россия), профессор О.Р. Тешаев (Ӯзбекистон), профессор Тариел Омаров (Озарбойҷон) ва дигар олимону ҷарроҳони варзида иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Конгресс ҳайате иборат аз дотсенти кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографии ба номи профессор М.К. Каримови МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, номзади илмҳои тиб Қобилзода Қ.К.; ходими калони илмии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, профессори кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 ба номи академик Н.У. Усмонов, доктори илмҳои тиб Амонов Ш.Ш. ва ординатори клиникии ҳамин кафедра Абдураззоқова М. намояндагӣ намуданд.

Дар доираи барномаи илмии Конгресс доктори илмҳои тиб, профессор Амонов Ш.Ш. бо маърӯза дар мавзӯи «Дастовардҳои ҷарроҳии бариатрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Маърӯзаи мазкур таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуда, дар муҳокимаи масъалаҳои мубрами рушди ҷарроҳии бариатрӣ дар минтақа саҳми арзанда гузошт.

Таваҷҷуҳи махсуси иштирокчиёнро дарсҳои амалии баргузорнамудаи президенти Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҷамъияти ҷарроҳони бариатрӣ ва метаболикии Қазоқистон», доктори илмҳои тиб, профессор Орал Базарбаевич Оспанов ҷалб намуданд. Дар ҷараёни онҳо технологияҳои муосири ҷарроҳӣ ва усулҳои инноватсионии табобати беморони гирифтори фарбеҳӣ ва ихтилолҳои метаболикӣ муаррифӣ гардиданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои кори Конгресс қатъномаи Конгресси III байналмилалӣ муҳокима ва қабул карда шуд, ки дар он самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи ҷарроҳии метаболикӣ ва бариатрӣ, тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва такмили расонидани ёрии тиббӣ ба беморони гирифтори фарбеҳӣ муайян карда шуданд.

Ҳамчунин барои ҳайатҳои хориҷӣ барномаи фарҳангӣ бо боздид аз ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Остона ташкил карда шуд.

Конгресс дар сатҳи баланди ташкилӣ ва илмӣ баргузор гардид. Дар анҷоми чорабинӣ президенти Конгресс, доктори илмҳои тиб, профессор Орал Базарбаевич Оспанов ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар кори форум изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи ҷарроҳии бариатрӣ ва метаболикӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, мубодилаи таҷриба ва омода намудани мутахассисони баландихтисос таъкид намуд.


Қобилзода К.К. н.и.т., дотсенти кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографии ба номи профессор М.К. Каримов


08.07.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php