ИШТИРОК ДАР СЕМИНАРИ КОРИИ БАРНОМАИ CADAP 8 ОИД БА АРЗЁБИИ НИЁЗҲО ДАР САМТИ ПЕШГИРИИ ИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ НАШЪАОВАР
15–16 июли соли 2026 дар меҳмонхонаи Hilton Dushanbe семинари дурӯзаи корӣ оид ба арзёбии ниёзҳо дар доираи Компоненти 2 (Коҳиш додани талабот ба маводи нашъаовар)-и Барномаи пешгирии паҳншавии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ (CADAP 8), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид. Барномаи мазкур аз ҷониби Консорсиум бо дастгирии Бунёди байналмилалии FIAP (Испания), Civipol (Фаронса) ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC) амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи асосии семинар муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории техникӣ барои марҳилаи нави татбиқи барнома буд. Диққати асосӣ ба масъалаҳои коҳиш додани талабот ва пешниҳоди маводи нашъаовар дар заминаи муносибати мутавозин, аз ҷиҳати илмӣ асоснок ва ба риояи ҳуқуқи инсон нигаронидашуда равона гардид.
Дар кори семинар сардори шуъбаи масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ғафурзода, директори Барномаи CADAP 8 Эрнест Робелло, менеҷери барномавии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Молика Денисе, мутахассиси CADAP 8 оид ба назорати маводи нашъаовар ва пешгирии ҷинояткорӣ Милош Стоянович, ҳамоҳангсози Барномаи CADAP 8 Беатрис Морено де ла Вара, инчунин намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Аз МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар кори форум директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ Қобилзода Қ.К. ва мудири кафедраи психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи профессор М. Ғ. Ғуломов Қодирова З.Д. иштирок намуданд.
Иштироки намояндагони Донишгоҳ дар ин чорабинӣ ба баррасии масъалаҳои мубрами пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар, такмили низоми омодасозии кадрҳои тиббӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ ва байналмилалӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ