ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ШАҲРИ ТОШКЕНТ

ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ  ДАР ШАҲРИ ТОШКЕНТ

Санаи 20 октябри соли 2026 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи “Беҳтар намудани сифати ҳаёт. Масъалаҳои мубрами геронтология ва гериатрия” шуда гузашт. Дар он намояндагони 15 давлати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз он ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуданд.

Чорабиниро бо таманниётҳои нек директори маркази таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон д.и.т., профессор Акилов Ҳ.А. оғоз намуд. Баъдан оиди коморбидии дилу рагӣ дар кардиогериатрия, дастоварду дурнамоиҳо директори академияи байналмилалии таҳсилоти баъдидипломӣ, мудири кафедраи терапия бо курси герантология ва гериатрияи Ҷумҳурии Қирғизистон д.и.т., профессор Баитова Г.М. баромад намуд. Содиқова А.Б. н.и.т. ва ҳамзамон ҳуқуқшинос, сардори кумитаи байналмилалии интегратсионии тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар тандурустӣ ва иҷроиши лоиҳаҳо оиди дастгирии шахсони ба нафақарасида суханронӣ намуд.

Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3 –и Донишгоҳ н.и.т., дотсент Уроқов К.З. муаррифӣ намуда, таманниётҳои худро нисбати конференсия баён намуда, туҳфаҳои хотиравиро аз номи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ба директори донишгоҳи таҳсилоти баъдидипломии Ҷумҳурии Узбекистон туҳфа намуда, ҳамзамон дар мавзуи “Таъсири маводҳои химиявӣ ба дил ҳангоми табобати лейкози шадиди лимфобластӣ” баромад намуд. Ҳамзамон намояндагон аз ҳамин кафедра н.и.т., дотсент Ҳоҷиева Г.Б. ва муаллими калон Шамсов А.Т. бо мақолаҳои илмии худ иштирок намуданд. Барои иштироки фаъолона ва баромад дар ин конфронс ба намояндагони Донишгоҳи тиббӣ бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.


23.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php