ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

4 июни соли 2026 профессори кафедраи онкологияи Донишгоҳ Сангинов Ҷ. Р. ва номзади илмҳои сиёсӣ Амонзода С. Б. меҳмони барномаи «Суфраи шом»-и Телевизиони Тоҷикистон гардида, роҷеъ ба аҳамият ва ҷойгоҳи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб суҳбати пурмуҳтаво анҷом доданд.

Зимни баромад иштирокчиён таъкид намуданд, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми муҳими давлативу фарҳангӣ буда, ба арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои нобиғаи бузурги тоҷик, рушди илми тиб ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ мусоидат менамояд. Ин ҷоиза ба шахсоне тақдим мегардад, ки дар пешрафти соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ ва рушди илми тиб саҳми назаррас гузоштаанд.

Сангинов Ҷ. Р. зимни суҳбат аз саҳми беназири Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илмҳои тиббӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки осори илмии ӯ, бахусус «Ал-Қонун фи-т-тиб», дар тӯли асрҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими донишҳои тиббӣ хизмат кардааст. Амонзода С. Б. бошад, таъсиси ин ҷоизаро ҳамчун василаи муаррифии бештари Тоҷикистон ва мероси илмии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни барнома инчунин оид ба ҳадафҳои таъсиси ҷоиза, нақши он дар рушди дипломатияи илмӣ, таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва эҳёи арзишҳои башардӯстонаи мактаби илмии Абуалӣ ибни Сино маълумоти ҷолибу муфид пешниҳод гардид.

Баромади намояндагони донишгоҳ дар барномаи «Суфраи шом» барои шинос намудани ҷомеа бо аҳамияти таърихӣ ва байналмилалии ин ҷоиза, инчунин тарғиби мероси илмии Абуалӣ ибни Сино саҳми арзанда гузошт.


05.06.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php