ҶИЛВАИ ПАРЧАМ - ҶИЛВАИ НОМУСИ ВАТАНДОРИСТ!

ҶИЛВАИ ПАРЧАМ - ҶИЛВАИ НОМУСИ ВАТАНДОРИСТ!

Замоне, ки давлати тоҷикон соҳибистиқлолиро эълон намуд дар ин сарзамин аз ҷанбаҳои соҳибистиқлолӣ асаре набуд, зеро Тоҷикистон дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошт ва марзу буми давлатро давлати Русия ҳимоят мекард. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 расман худро соҳибистиқлол эълон намуда буд. Қабули Истиқлолияти давлатӣ (қарори муҳими таърихӣ) боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд.Мардуми кишвари мо имрӯз ифтихор доранд, ки 35 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуд ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои умумиҷаҳонӣ шинохта шуд, ки ин имконият фароҳам овард, то дубора ба бунёди аркони давлатдории миллӣ ноил гардем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ бо фармон 24-ноябрро рӯзи Парчами давлатӣ эълон намуданд ва боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳама шукуҳу шаҳоматаш дар китоби “Рекордҳои Гиннес” сабт гардидааст.         Давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷикон таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Коваён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат бадааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.

Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ - яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд. Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд. Пешниҳодҳои созандаву саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевою ширини тоҷикӣ дар масъалаҳои гуногуни глобалӣ боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гаштааст.

Оқилона ҳарф гуфт,он кас ки дурандеш шуд,

Лаззати ҳар мисрааш чун сабки Хайрандеш шуд.

Парчами тоҷик парафшон шуд ба шеъри Гулназар,

Пойдории ватан з-ин марди хайрандеш шуд.

Дар фазои сулҳу оромӣ ҷилваи парчам аз иқболи баланди миллати тоҷик шаҳодат медиҳад, зеро сарнавишти ҳар кишвар ва миллат дар дасти фарзонафарзандони ӯст ва тақдирро тадбиркунанда ҳам эшонанд.

Тоҷикистон, номи ту то арши боло мебарем,

Парчаматро боз боло, боз боло мебарем.

Миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолияш бо ҳидоятҳои роҳбари хирадманду сипоҳсолор, хислатҳои зебоипарастӣ, тозагию озодагӣ, бо маънавиёти баланди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ахлоқу рафтори ҳамидаи сокинонаш ва фарҳанги волои ватандорӣ барои ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам овард. Муҳимтар аз он, халқи тоҷик дар фазои ором, озоду обод зиндагӣ доранд ва хушбахтона, имрӯз идро болои ид ҷашн мегиранд. Мо бо шукургузорӣ аз Давлату Ҳукумати хеш ифтихор менамоем, ки дар чунин Ватани биҳиштосо - Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ва кору фаъолият дорем. Имрӯз ҳар як ҷавон ва фарди худогоҳ вазифадор аст, ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда, бо як руҳияи баланди ватандӯстӣ дар ободии кишвар саҳмгузор бошем.

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

Зарипов А. Р., н.и.т., дотсент, мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ


23.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php