ИЛТИҲОБИ ШУШ ДАР КӮДАКОН: ПЕШГИРӢ, ТАШХИСИ БАРВАҚТӢ ВА ҲИФЗИ САЛОМАТИИ НАСЛИ НАВРАС

ИЛТИҲОБИ ШУШ ДАР КӮДАКОН: ПЕШГИРӢ, ТАШХИСИ БАРВАҚТӢ ВА ҲИФЗИ САЛОМАТИИ НАСЛИ НАВРАС

(Бахшида ба 12 ноябр - Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо илтиҳоби шуш)

Ҳамасола 12 ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо илтиҳоби шуш таҷлил мегардад. Ҳадафи асосии ин рӯз баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ оид ба сабабҳо, омилҳои хавф, нишонаҳои клиникӣ, роҳҳои пешгирӣ ва аҳамияти ташхиси барвақтии илтиҳоби шуш мебошад. Илтиҳоби шуш яке аз бемориҳои ҷиддии сироятии роҳҳои поёнии нафас буда, махсусан дар байни кӯдакони синни барвақтӣ аҳамияти калони тиббию иҷтимоӣ дорад.

Бо вуҷуди пешрафти илми тиб, ҷорӣ гардидани ваксинаҳои самаранок ва такмил ёфтани усулҳои ташхису табобат, ин беморӣ то ҳол яке аз сабабҳои асосии фавти кӯдакони то панҷсола дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, пешгирии илтиҳоби шуш, сари вақт муайян намудани нишонаҳои он ва дастрасии кӯдакон ба ёрии босифати тиббӣ аз вазифаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ мебошанд. Илтиҳоби шуш бемории илтиҳобии бофтаи шуш мебошад, ки бештар дар натиҷаи сирояти бактериявӣ ё вирусӣ ба вуҷуд меояд. Ҳангоми инкишофи беморӣ алвеолаҳо, яъне ҳубобчаҳои хурди шуш, ки мубодилаи оксиген ва гази карбон дар онҳо сурат мегирад, бо моеъи илтиҳобӣ пур мешаванд. Дар натиҷа раванди мубодилаи газҳо халалдор гардида, таъмини организм бо оксиген коҳиш меёбад.

Ин ҳолат махсусан барои кӯдакони хурдсол хавфнок мебошад, зеро системаи нафаскашӣ ва механизмҳои муҳофизатии организми онҳо ҳанӯз пурра ташаккул наёфтаанд. Ангезандаҳои асосии пневмония дар кӯдакон бактерияҳо, аз ҷумла пневмококк (Streptococcus pneumoniae), инчунин вирусҳои гуногуни роҳи нафас мебошанд. Вируси синситиалии респираторӣ, вирусҳои зуком ва дигар сироятҳои вирусӣ метавонанд боиси осебёбии роҳҳои нафас ва бофтаи шуш гарданд. Дар баъзе ҳолатҳо сирояти вирусӣ барои ҳамроҳшавии сирояти бактериявӣ замина фароҳам меорад.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, илтиҳоби шуш дар соли 2019 боиси фавти зиёда аз 740 ҳазор кӯдаки то панҷсола гардида буд. Ин нишондиҳанда аҳамияти ҷаҳонии мушкилотро инъикос намуда, зарурати тақвияти чорабиниҳои профилактикиро таъкид менамояд. Бештар кӯдакони синни то панҷсола, махсусан ширхорагон, кӯдакони бармаҳал таваллудшуда ва кӯдакони дорои бемориҳои музмин ба шаклҳои вазнини пневмония гирифтор мешаванд. Норасоии ғизо, камвазнӣ, ғизодиҳии нокифоя бо шири модар, норасоии масуният, ифлосшавии ҳавои дохили манзил ва таъсири дуди тамоку аз омилҳое мебошанд, ки эҳтимолияти пайдоиш ва вазниншавии бемориро зиёд мекунанд. Аломатҳои клиникии илтиҳоби шуш вобаста ба синну соли кӯдак, хусусияти ангезанда ва дараҷаи вазнинии беморӣ гуногун буда метавонанд.

Нишонаҳои бештар паҳншуда баландшавии ҳарорати бадан, сулфа, нафаскашии тез, душворшавии нафаскашӣ, сустӣ, камшавии иштиҳо ва бадшавии ҳолати умумӣ мебошанд. Дар кӯдакони синни барвақтӣ нафаскашии босуръат ва ба дарун кашида шудани қисми поёнии қафаси сина ҳангоми нафаскашӣ аз нишонаҳои муҳими пневмония ба ҳисоб мераванд. Дар ҳолатҳои вазнин кабудшавии лабҳо, пастшавии сатҳи оксигени хун, беҳолии шадид, нотавонӣ дар нӯшидан ё ширхӯрӣ ва вайроншавии ҳуш мушоҳида шуда метавонанд. Пайдо шудани чунин аломатҳо зарурати муроҷиати фаврӣ ба муассисаи тиббиро нишон медиҳад. Волидон бояд дарк намоянд, ки пневмония на ҳамеша бо таби баланд оғоз меёбад ва дар баъзе кӯдакон, махсусан навзодон, нишонаҳои беморӣ метавонанд камифода бошанд.

Ташхиси саривақтии илтиҳоби шуш дар пешгирии оризаҳои вазнин нақши ҳалкунанда дорад. Табиб ҳангоми муоина ҳолати умумии кӯдак, басомади нафаскашӣ, иштироки мушакҳои ёрирасон дар нафаскашӣ, садоҳои шуш ва сатҳи оксигени хунро арзёбӣ менамояд. Дар ҳолатҳои зарурӣ таҳқиқоти иловагӣ, аз ҷумла рентгенографияи қафаси сина ва ташхисҳои лабораторӣ гузаронида мешаванд. Бо вуҷуди ин, на ҳамаи кӯдакони гирифтори пневмония ба рентгенография ё таҳлилҳои васеи лабораторӣ ниёз доранд. Интихоби усулҳои ташхис бояд ба ҳолати клиникӣ ва тавсияи табиб асос ёбад.

Муайян намудани дараҷаи вазнинии беморӣ барои интихоби табобати амбулаторӣ ё бистарӣ намудани кӯдак аҳамияти калон дорад. Табобати пневмония бояд бо назардошти синну соли кӯдак, сабаби эҳтимолии беморӣ, дараҷаи вазнинӣ ва мавҷудияти бемориҳои ҳамроҳ гузаронида шавад.

Ҳангоми пневмонияи бактериявӣ антибиотикҳо истифода мешаванд, аммо дар сироятҳои вирусӣ антибиотикҳо на ҳамеша заруранд. Истифодаи худсаронаи доруҳои зиддибактериявӣ метавонад ба пайдоиши устувории микроорганизмҳо нисбат ба антибиотикҳо мусоидат намояд. Аз ин рӯ, волидон набояд бе тавсияи табиб антибиотикҳоро истифода баранд. Дар ҳолатҳои вазнин кӯдак метавонад ба оксигенотерапия, назорати доимии нишондиҳандаҳои ҳаётан муҳим ва табобат дар шароити беморхона ниёз дошта бошад. Муҳим аст, ки ҳангоми беморӣ кӯдак бо моеъи кофӣ таъмин гардида, ғизодиҳӣ мувофиқи синну сол ва имконияти қабули ғизо идома дода шавад.

Яке аз самтҳои асосии мубориза бо пневмония пешгирии он мебошад. Ваксинатсия бар зидди пневмококк, сирояти гемофилии навъи b, сурхча ва зуком метавонад хавфи пайдоиши баъзе шаклҳои пневмония ва оризаҳои вазнини онро коҳиш диҳад. Риояи тақвими миллии эмгузаронӣ барои ҳифзи саломатии кӯдакон аҳамияти махсус дорад. Ғизодиҳӣ бо шири модар дар шаш моҳи аввали ҳаёт, таъмини ғизои мутавозин, риояи гигиенаи дастҳо, шамолдиҳии мунтазами хона ва маҳдуд намудани тамос бо шахсони гирифтори сироятҳои роҳҳои нафас аз чораҳои муҳими профилактикӣ мебошанд.

Ҳамчунин, пешгирии таъсири дуди тамоку ва кам намудани ифлосшавии ҳавои дохили манзил ба беҳтар гардидани саломатии системаи нафаскашии кӯдакон мусоидат мекунанд. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешгирии бемориҳои роҳҳои нафас, аз ҷумла пневмония, махсусан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аҳамияти калон пайдо мекунад. Тағйирёбии ҳарорати муҳити зист, зиёдшавии тамоси кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳо, инчунин паҳншавии мавсимии сироятҳои вирусии роҳҳои нафас метавонанд ба афзоиши бемориҳои респираторӣ мусоидат намоянд.

Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва сари вақт муроҷиат намудан ба табиб ҳангоми пайдоиши нишонаҳои хавфнок аҳамияти муҳим доранд. Волидон бояд ба ҳолати нафаскашӣ, фаъолияти кӯдак, истеъмоли ғизо ва моеъ диққати махсус диҳанд. Дар пешгирӣ ва ташхиси барвақтии пневмония нақши табибони педиатр, табибони оилавӣ ва кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ хеле муҳим мебошад. Ҳангоми муоинаҳои профилактикӣ бояд омилҳои хавф, вазъи ғизогирӣ, ҳолати эмгузаронӣ ва мавҷудияти бемориҳои музмини кӯдак арзёбӣ карда шаванд. Корҳои маърифатӣ дар байни волидон метавонанд ба коҳиш ёфтани ҳолатҳои дер муроҷиат намудан ба муассисаҳои тиббӣ мусоидат намоянд. Ҳамкории кормандони соҳаи тандурустӣ, муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа барои ташаккули муҳити солим ва ҳифзи кӯдакон аз бемориҳои сироятии роҳҳои нафас зарур мебошад.

Илтиҳоби шуш бемориест, ки дар бисёр ҳолатҳо тавассути чораҳои самараноки пешгирӣ, ташхиси барвақтӣ ва табобати дуруст метавон оқибатҳои вазнини онро коҳиш дод. Ҳифзи саломатии кӯдакон бояд аз рӯзҳои аввали ҳаёт оғоз гардида, эмгузаронии саривақтӣ, ғизои солим, муҳити тоза ва дастрасӣ ба ёрии тиббиро дар бар гирад. Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо пневмония фурсати муҳимест барои ёдовар шудан аз он ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба нафаскашии солим, нигоҳубини босифат ва зиндагии солим дорад. Пешгирии пневмония на танҳо вазифаи кормандони соҳаи тиб, балки масъулияти муштараки оила ва тамоми ҷомеа мебошад.

Бадалова З.А., дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1-и ба номи проф. Аминов Ҳ.Ҷ.


10.11.2026

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php