ИЛМ, ТЕХНОЛОГИЯ ВА МАОРИФ: ИШТИРОКИ КАФЕДРАИ РЕНТГЕНОЛОГИЯ ВА РАДИОЛОГИЯ ДАР КОНФРОНСИ АВРУОСИЁӢ ОИД БА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ СУНЪӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲО
21 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар заминаи Маркази миллии патенту иттилоот, Конфронси байналмилалии авруосиёӣ оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо таҳти унвони «IP Авруосиё / IP Тоҷикистон’2026» баргузор гардид. Яке аз мавзуъҳои меҳварии чорабинӣ таъсири рушди зеҳни сунъӣ ба соҳаи моликияти зеҳнӣ дар фазои Авруосиё буд. Конфронс роҳбарони идораҳои патентӣ, коршиносон, ихтироъкорон, намояндагони соҳаҳои илм, маориф ва соҳибкории технологиро ба ҳам овард.
Дар кори конфронс намояндагони МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», аз ҷумла мудири кафедраи рентгенология ва радиология, номзади илмҳои тиб, дотсент Сайфиддинзода М. Б. иштирок намуданд. Сайфиддинзода М. Б. дар ин чорабинӣ ба ҳайси ихтироъкор ширкат варзид.
Дар қатори иштирокчиёни конфронс президенти Идораи патентии Авруосиё Григорий Ивлиев, роҳбари Роспатент Юрий Зубов, директори Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода, директори Идораи моликияти зеҳнии Сербия Владимир Марич, инчунин роҳбарон ва намояндагони идораҳои дахлдори Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Туркманистон ҳузур доштанд. Вазири илм, таҳсилоти олӣ ва инноватсияҳои Қирғизистон Гулзат Исаматова тавассути паёми видеоӣ ба иштирокчиён муроҷиат намуд.
Барномаи чорабинӣ баррасии масъалаҳои рушди моликияти зеҳнӣ дар шароити таҳаввулоти иқтисодӣ, тиҷоратикунонии дастовардҳои илмӣ, патенткунонӣ ва рушди технологиро фаро гирифт. Ба ҳамкории байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва такмили равишҳои ҳифзи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Иштирок дар конфронс ба намояндагони донишгоҳи тиббӣ имкон дод, ки бо тамоюлҳои муосири соҳаи моликияти зеҳнӣ ва инноватсияҳо, ки барои илми тиб ва таҳсилоти тиббӣ аҳамият доранд, шинос шаванд. Таҳияи усулҳои нави ташхису табобат, эҷоди технологияҳои тиббӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар амалияи клиникӣ дар баробари асосноккунии илмӣ, ҳамчунин муносибати дурустро ба ҳифзи натиҷаҳои таҳқиқот тақозо мекунанд.
Барои рентгенология ва радиология ин мавзуъ дар робита ба рушди усулҳои рақамии тасвирбардории тиббӣ ва низомҳои зеҳни сунъӣ барои таҳлили тасвирҳои тиббӣ аҳамияти хосса дорад. Истифодаи чунин воситаҳо барои такмили ташхис, анҷом додани таҳқиқот ва омода намудани табибони оянда имкониятҳои нав фароҳам оварда, ҳамзамон аҳамияти масъалаҳои муаллифӣ ва ҳифзи ҳуқуқии дастовардҳои илмию технологиро бештар мегардонад.
Кафедраи рентгенология ва радиология