ИЛМ, АМАЛИЯИ КЛИНИКӢ ВА ТАҲСИЛОТ: ИШТИРОКИ КАФЕДРАИ РЕНТГЕНОЛОГИЯ ВА РАДИОЛОГИЯ ДАР АНҶУМАНИ ЯКУМИ САРАТОНШИНОСОНИ ТОҶИКИСТОН
Аз 13 то 16 октябр дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Анҷумани якуми саратоншиносон баргузор мегардад, ки олимони ватаниву хориҷӣ, табибони саратоншинос, мутахассисони соҳаи ташхис ва табобати шуоъӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи тиббӣ ва муассисаҳои илмию таълимиро ба ҳам овардааст.
Дар ин чорабинии илмӣ омӯзгорон ва ординаторони кафедраи рентгенология ва радиология, ки пойгоҳи клиникии он дар ҳудуди Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ҷойгир аст, фаъолона иштирок менамоянд. Иштирок дар анҷуман ҷузъи муҳими рушди касбӣ ва илмию таълимии мутахассисон буда, ба табодули маълумоти нави илмӣ, баррасии равишҳои муосири ташхису табобати бемориҳои саратонӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафтаи тиббӣ дар амалияи клиникӣ мусоидат мекунад.
Дар доираи чорабинӣ ба масъалаи саратони ғадуди ширӣ ҳамчун яке аз самтҳои мубрами саратоншиносии муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар чорабиниҳои бахшида ба 15 октябр аҳаммияти баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз ин беморӣ, такмили усулҳои ташхиси барвақтӣ, рушди барномаҳои скринингӣ ва сари вақт ошкор намудани тағйироти патологӣ дар ғадуди ширӣ таъкид карда мешавад.
Дар ҳалли ин вазифаҳо мутахассисони ташхиси шуоъӣ, аз ҷумла табибони рентгенолог, нақши муҳим доранд. Онҳо бо истифода аз усулҳои муосири тасвирбардории тиббӣ, аз ҷумла маммография ва ташхиси ултрасадоӣ, дар ошкор ва арзёбӣ намудани тағйироти патологӣ дар ғадуди ширӣ саҳм мегузоранд.
Ҳамин тариқ, иштироки омӯзгорон ва ординаторони кафедраи рентгенология ва радиология дар Анҷумани якуми саратоншиносон ба таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ, такмили салоҳиятҳои касбӣ ва густариши ҳамкориҳои илмию амалӣ дар самти ташхиси барвақтӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои саратонӣ мусоидат менамояд.
Кафедраи рентгенология ва радиология