Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст

Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст

Ҳимояи марзу буми сарзамини бостонии Тоҷикистон ва дастоварду ҳаёти осоиштаи мардум яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва рисолати муҳиме барои шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои иҷрои ин вазифаи муқаддас соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дода, то ба имрӯз дар самти таҳким бахшидану пурқудрат гардидани он ҳамаҷониба чораҳо меандешад. Артиши миллӣ бо фарзандони ҷасоратманду ватандӯсти тоҷик қобили эътимод аст. Ҳазорон нафар имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва воҳидҳои дигари низомӣ шомиланду барои давлату миллат хизматҳои мондагор намуда истодаанд. Воқеан, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан  барои ҳар як шаҳрванд, бахусус насли ҷавон шарафи ҷавонмардист. Ифтихорманду сарфарозем, ки имрӯз   аксари ҷавононамон ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир мешаванд. Ҷавонони имрӯза ба ҳамон аҳди анъанавии ҷавонмардони гузаштаи хеш содиқ монда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд. Корномаҳои давлатсозиву миллатдории гузаштагони барӯманди миллати тоҷик мероси арзишманду бузургест, ки то ба имрӯз дар ҷаҳон истифода мешаванд. Гузаштагони қудратманди халқи тоҷик дар баробари илму адабу фарҳанг низоми идораи давлатдориву ҳимояи онро ба мерос гузоштаанд ва дар ҳама давру замон ғаразе бо халқеву давлате надошатанд. Аз мутолиаи шоҳасари «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров маълум мешавад, ки халқи тоҷик дар таърихи худ ба ягон давлат ғараз надошт ва имрӯз ҳам ба ин хислати сулҳхоҳонааш содиқ аст. Тоҷикистон сарзамини аҷдодӣ, Ватани фарзандони фарзонаи миллат аст ва имрӯз ҳимояи он рисолати мост. Вазифадорем, ки сарзамини бостониямон-Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳимоя намуда, рушд диҳем, то тавонем, ба наслҳои оянда як Ватани ободу зебо, макони осиштаву сулҳомез ба мерос гузорем.

Воқеан, хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


30.03.2022 1346

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php