ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ХАТАРҲОИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОНИШАВӢ (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ХАТАРҲОИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОНИШАВӢ (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмиллалӣ ҳадафмандона идома диҳем.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Фазои иттилоотӣ дар асри XXI хусусияти фарогир ва таъсиргузор пайдо намуда, таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илмро ба омӯзиши моҳият, мазмун ва нақши он дар рушди ҷомеаи муосир бештар гардонидааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифз ва истифодаи арзишҳои миллӣ ва анъанавӣ аҳаммияти махсус касб мекунад, зеро онҳо ҳамчун пояи муҳими сиёсати устувори давлатӣ, рушди босуботи ҷомеа ва таҳкими амнияти миллии кишвар хизмат менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба азхудкунӣ ва татбиқи дастовардҳои пешрафтаи илмию технологии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, онҳоро дар равандҳои ислоҳоту навсозии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва технологӣ васеъ истифода мебарад. Дар ин замина, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми бахшҳо, аз ҷумла фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, арзёбӣ мегардад.

Дар ин замина бояд таъкид намуд, ки нақши давлат дар ҳифз, эҳё ва таҳкими арзишҳои маънавию миллии ҷомеа бисёр муҳим мебошад. Имрӯз фазои иттилоотии кишвар зери таъсири таҳдидҳои гуногун қарор гирифтааст, ки аз ҷумла тарғиби фарҳанги бегона, хурофотгароӣ, ғояҳои ифротӣ ва зӯровариро дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифз ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик аҳаммияти хос пайдо кардааст.

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ва нооромии сиёсии ҷаҳон омилҳое ба миён омадаанд, ки метавонанд ба субот ва амнияти миллӣ таъсири манфӣ расонанд. Ба чунин таҳдидҳо густариши ифротгароӣ, паҳншавии ғояҳои миллатгароӣ ва мазҳабгароии тундрав, истифодаи сиёсати стандартҳои дугона ва шиддат гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ дохил мешаванд.

Бо вуҷуди ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ тадбирҳои муҳим меандешад. Ин раванд дар санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвар низ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ба ҳар шахс озодии сухан, нашр ва истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода мешавад, аммо ҳар гуна ташвиқоту тарғибе, ки боиси барангехтани бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, динӣ ё забонӣ мегардад, манъ мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар илмҳои ҷомеашиносӣ мафҳуми «арзишҳои миллӣ» аз дидгоҳҳои гуногун шарҳ дода мешавад. Муҳаққиқон мазмун ва моҳияти ин истилоҳро вобаста ба равишҳои назариявӣ ва методологӣ ба таври мухталиф муайян менамоянд. Аз ҳамин сабаб, фаҳмиши ягонаи он баъзан мушкил ба назар мерасад.

Ба назари мо, арзишҳои миллӣ ҳамчун пояи асосии рушди маънавии ҷомеа ва шахсият дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ хизмат мекунанд. Онҳо танҳо дар ҳамон сурат аҳамияти воқеии иҷтимоӣ касб менамоянд, ки агар ба ҷузъи тарзи зиндагӣ, шуур, ҷаҳонбинӣ ва муносибатҳои амалии аксарияти намояндагони миллат табдил ёбанд. Арзишҳои миллӣ унсури муҳими ҳаёти маънавии ҷомеа буда, ба ташаккули тамоми соҳаҳои зиндагӣ таъсири амиқ мерасонанд.

Дар маҷмӯъ, арзишҳои миллӣ фарогири ҳувияти миллӣ, забон, фарҳанг, анъанаҳо, расму оинҳо, эътиқодоти динӣ ва таҷрибаи умумии таърихии миллат буда, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи низоми арзишҳои иҷтимоии ҷомеа баромад менамоянд.

Бо таҳлили таърифҳои мавҷуда метавон ба чунин натиҷа расид, ки мафҳуми «арзишҳои миллӣ», сарфи назар аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ, унсурҳои муҳимеро, аз қабили қавмият, ахлоқ, маънавиёт, анъанаҳо, шароити таърихӣ ва пайванди наслҳоро дар бар мегирад. Дар асоси ин назарияҳо метавон гуфт, ки арзишҳои миллӣ маҷмӯи меъёрҳои ахлоқӣ, ғояҳо, хусусиятҳои фарҳангӣ ва тарзи зиндагии миллат мебошанд, ки дар тӯли таърих зери таъсири омилҳои ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ташаккул ёфта, аз як насл ба насли дигар интиқол меёбанд.

Миллатҳое, ки соҳиби давлати мустақил мебошанд, табиатан вазифадоранд арзишҳои миллии худро ҳифз намуда, ҳамзамон манфиатҳои миллии хешро низ дифоъ намоянд. Аз ҳамин нуқтаи назар, арзишҳои миллӣ бо манфиатҳои миллӣ робитаи зич ва ҷудонашаванда доранд.

Дар ин замина зарур аст, ки мафҳуми «манфиати миллӣ» низ шарҳ дода шавад. Манфиати миллӣ маҷмӯи талабот ва ниёзҳои дохилию хориҷии давлат мебошад, ки барои таъмини амният, ҳифзи ҷомеа, рушди устувори давлат ва беҳбудии шаҳрвандон аҳаммияти калидӣ дорад. Ин мафҳум ҳамчун категорияи фалсафӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мазмуни фарогир дошта, дарки он ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ ва идеяи миллӣ сахт вобастагӣ дорад.

Бояд таъкид намуд, ки манфиатҳои миллӣ талаботи воқеӣ ва муҳими шахсият, ҷомеа ва давлатро дар самти таъмини субот ва амният ифода менамоянд. Аз ин рӯ, мафҳуми «манфиати миллӣ» яке аз пояҳои асосии сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, барои муайян намудани самтҳои рушди ҷомеа, таҳкими иқтидори сиёсиву иқтисодӣ ва пешрафти давлат мусоидат мекунад.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки мафҳуми «манфиати миллӣ» нисбат ба истилоҳҳои «манфиати давлатӣ» ё «манфиати ҳаётан муҳим» доираи васеътар дорад. Бинобар ин, дар илмҳои ҷомеашиносӣ онро аксаран бо масъалаҳои давлатдорӣ ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ ҳаммаъно арзёбӣ менамоянд.

Бидуни шак, манфиатҳои миллӣ неруи асосие мебошанд, ки миллатро ба пешрафт ва фаъолияти созанда раҳнамун месозанд ва самти рушди онро дар ҷаҳони пуртағйиру пурихтилофи имрӯз муайян мекунанд. Ба андешаи мо, ҳифзи ҳастии миллат, таъмини амният ва рушди устувори давлат, посдорӣ аз мероси таърихиву фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз ҷумлаи манфиатҳои муҳими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Омӯзиши мафҳуми «манфиати миллӣ» ҳамзамон зарурати таҳқиқи мафҳуми «афзалиятҳои миллӣ»-ро низ ба миён меорад. Ба афзалиятҳои миллӣ метавон раванд ва роҳҳои татбиқи манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи муосири рушди давлатро мансуб донист.

Дар ин замина, масъалаи амният ва бехатарӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ мавқеи махсус дорад. Амният яке аз пояҳои асосии рушди ҷомеа буда, барои ҳар миллат аҳаммияти калидӣ касб менамояд. Бо вуҷуди ин, муносибат ба амният ва дарки он дар ҷомеаҳои гуногун яксон нест.

Имрӯз мақоми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба солҳои гузашта хеле таҳким ёфтааст. Ташаббусҳои байналмилалии кишвар, бахусус дар самти обу иқлим, дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурдаанд. Аммо дар баробари ин, баъзе неруҳо ва доираҳои манфиатдор кӯшиш менамоянд, ки бо истифода аз усулҳои гуногуни сиёсӣ ва иттилоотӣ мақоми байналмилалии Тоҷикистонро коҳиш диҳанд ва дар бораи миллату давлати тоҷик тасаввуроти нодуруст паҳн намоянд.

Масъалаи дигаре, ки бо арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ иртиботи мустақим дорад, муносибат ба оила мебошад. Тадқиқотҳои ҷомеашиносӣ нишон медиҳанд, ки зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ оилаи анъанавӣ ба як қатор мушкилот рӯ ба рӯ гардидааст. Аз ҷумла, афзоиши ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ боиси зиёд шудани оилаҳои нопурра гардида, ба тарбияи фарзандон ва раванди иҷтимоишавии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Муҳаққиқон бар он назаранд, ки оила яке аз арзишҳои муҳими инсонсоз ба шумор меравад. Аммо таҳти таъсири омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ муносибати ҷавонон нисбат ба бунёди оила тағйир ёфтааст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон дар зинаи аввал ба масъалаҳои беҳбудии моддӣ, озодии шахсӣ ва саломатӣ аҳаммият медиҳанд ва арзиши оиларо ҳамчун пояи асосии зиндагӣ камтар дар мадди аввал қарор медиҳанд.

Ҳамчунин, густариши шабакаҳои иҷтимоӣ боиси паҳн гардидани баъзе арзишҳо ва тарзи зиндагии барои ҷомеаи суннатии тоҷик бегона гардидааст. Ин раванд метавонад ба пояҳои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа таъсир расонад. Аз ҳамин ҷост, ки масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон имрӯз аҳаммияти махсус пайдо кардааст.

Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи тоҷик дар шароити кунунӣ ҳифз ва посдории арзишҳои миллӣ дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ ба ҳисоб меравад. Таърихи пурғановат, фарҳанги ғанӣ, афкори ахлоқиву фалсафӣ ва мероси гаронбаҳои олимону мутафаккирони тоҷик заминаи асосии худшиносӣ ва бедории миллии ҷомеаро ташкил медиҳанд.

Имрӯз дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ, баъзе қудратҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор кӯшиш менамоянд, ки воқеаҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷикро таҳриф намуда, ба ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷавонон таъсири манфӣ расонанд. Ҳадафи чунин амалҳо тағйир додани тасаввуроти насли наврас нисбат ба таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Бешубҳа, сохторҳои давлатӣ барои ҳифзи фазои иттилоотӣ ва пешгирии паҳншавии ахбори бардурӯғ, ғояҳои ифротӣ ва унсурҳои фарҳангии барои ҷомеаи тоҷик бегона тадбирҳои муайян меандешанд. Бо вуҷуди ин, дар шароити кунунӣ зарурати тақвияти чунин чораҳо бештар эҳсос мегардад.

Назорати фаъолияти сомонаҳо ва шабакаҳое, ки бо паҳн намудани маводи ғаразнок, ифротӣ ва таҳқиромез ба амният ва суботи ҷомеа таҳдид мекунанд, яке аз вазифаҳои муҳими сохторҳои дахлдор мебошад. Бо ташаббуси мақомоти давлатӣ фаъолияти баъзе гурӯҳҳо ва сомонаҳои дорои хусусияти ифротию террористӣ маҳдуд гардида, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст.

Ҳамзамон, мушоҳида мешавад, ки бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хориҷӣ бо дастгирии неруҳои манфиатдор арзишҳои фарҳангиву маънавии ҷомеаи моро зери таъсир қарор дода, ғояҳои барои фарҳанги миллӣ бегона ва ақидаҳои тундравро тарғиб менамоянд.

Дар чунин шароит зарур аст, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти тарғиби фарҳанг ва арзишҳои миллӣ боз ҳам густариш диҳанд. Истифодаи усулҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ, метавонад барои бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон нақши муассир бозад.

Дар шароити рақобатҳои сиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотии ҷаҳонӣ тақвияти корҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти махсус дорад. Барои ҳифзи ҷавонон аз таъсири фарҳанг ва мафкураи бегона, зарур аст, ки назорат бар муҳтавои зараровари интернетӣ пурзӯр гардида, роҳҳои таъсиррасонии неруҳои хориҷӣ ба фазои фарҳангиву сиёсии кишвар муайян ва маҳдуд карда шаванд.

Ҳамзамон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа тарғиб ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангии ниёгон дар байни наврасон ва ҷавонон мебошад. Танҳо тавассути арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи мероси маънавӣ метавон пояҳои худшиносӣ, ваҳдат ва суботи ҷомеаро таҳким бахшид.

Тавре маълум аст, баъзе кишварҳо ва неруҳои манфиатдор кӯшиш менамоянд, ки ба вазъи дохилии Тоҷикистон таъсир расонида, суботи сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро халалдор созанд. Дар чунин шароит ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ба яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва давлат табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳам дар фазои шабакаи ҷаҳонии Интернет ва ҳам дар дигар воситаҳои иттилоотӣ фаъолияти самаранок ва ҳадафманд ба роҳ монда шавад.

Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифз ва тарғиби анъанаҳои миллӣ аҳаммияти махсус касб мекунад. Имрӯз бархӯрди манфиатҳои геосиёсӣ, истифодаи терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун воситаи ноором сохтани давлатҳои рӯ ба рушд ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Дар чунин вазъият анъанаҳои миллӣ ҳамчун пояи муҳими фарҳанги миллӣ ва омили асосии давлатсозиву миллатсозӣ нақши калидӣ мебозанд. Маҳз анъанаҳои миллӣ дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва тарбияи ахлоқию маънавии насли наврас саҳми бузург доранд.

Тарбияи шахсияти дорои фарҳанг, ахлоқи ҳамида ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ яке аз вазифаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ барои таҳкими арзишҳои миллӣ, ҳифзи анъанаҳои мардумӣ ва устувор намудани пояҳои маънавии ҷомеа тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин раванд нақши воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ низ хеле муҳим мебошад. ВАО метавонанд дар ташаккули фазои солими иҷтимоиву сиёсӣ, тарғиби таърихи пурифтихор, фарҳанги миллӣ ва бедории худшиносии миллӣ саҳми назаррас гузоранд. Аммо дар баробари ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои интернетӣ муборизаи шадиди иттилоотӣ барои таъсир расонидан ба шуур ва ҷаҳонбинии ҷавонон идома дорад. Ин раванд аз ҷомеа ҳушёрӣ, зиракӣ ва масъулияти бештарро талаб менамояд.

Мушоҳида мешавад, ки баъзе гурӯҳҳои интернетӣ ва воситаҳои ахбор бо паҳн намудани муҳтавои носолим ба арзишҳои ахлоқию маънавии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Барои муҳофизати наврасону ҷавонон аз чунин таъсирҳо зарур аст, ки чораҳои пешгирикунанда амалӣ карда шаванд. Аз ҷумла:

  • ташкили низомҳои махсуси ҷустуҷӯӣ ва муҳити бехатари интернетӣ барои наврасон ҳангоми таҳсил ва истифодаи шабака дар хона;
  • истифодаи барномаҳои назоратӣ ва маҳдудсозии дастрасӣ ба баъзе захираҳои интернетӣ, инчунин танзими истифодаи гаджетҳо барои кӯдакон ва наврасон;
  • ба роҳ мондани назорат аз рӯи муҳтавои дастрас барои ҷавонон вобаста ба синну сол, маҳдуд намудани бозиҳо ва маводҳои дорои хусусияти зӯроварӣ ва пешгирии дастрасӣ ба наворҳои ғайриахлоқӣ.

Татбиқи чунин тадбирҳо метавонад дар ҳифзи фазои маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа, инчунин дар тарбияи насли солиму худшинос нақши муассир гузорад.

Тағйироти иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқие, ки Тоҷикистон дар марҳилаи нави таърихӣ аз сар мегузаронад, нишон медиҳанд, ки нақши давлат дар таҳким ва тарғиби арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла оила, никоҳ ва тарбияи фарзандон, хеле муҳим мебошад. Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ифротишавии шуури ҷавонон, муқовимат бо ғояҳои ифротгароӣ ва терроризм тадбирҳои назаррасро амалӣ намуда истодааст.

Ба андешаи ҷомеашиносон, арзишҳои муҳими миллӣ чунин унсурҳоро дар бар мегиранд: эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, сулҳу субот дар ҷомеа, баробарӣ ва худмуайянкунии халқҳо, посдории мероси таърихию фарҳангии аҷдодон, муҳаббат ба Ватан, адолатпарварӣ, ҳифзи давлатдории миллӣ ва масъулият дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда. Ин арзишҳо ҳамзамон ҳисси мансубият ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди ҷомеаи демократиро низ инъикос менамоянд.

Дар баробари ин, бояд таъкид кард, ки мафҳумҳои «арзиши миллӣ», «манфиати миллӣ» ва «афзалияти миллӣ» гарчанде бо ҳам алоқаманданд, мазмуни яксон надоранд. Арзишҳои миллӣ маҷмӯи меъёрҳои ахлоқӣ ва маънавие мебошанд, ки асоси фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллатро ташкил медиҳанд. Манфиати миллӣ бошад, талаботу ниёзҳои давлат ва ҷомеаро дар самти таъмини амният, субот ва рушди устувор ифода мекунад. Афзалияти миллӣ бошад, роҳу воситаҳои амалӣ намудани ҳамин манфиатҳоро дар шароити муосир муайян месозад.

Таҳти таъсири ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ имрӯз тағйирёбии арзишҳо мушоҳида мегардад. Дар баъзе мавридҳо ин раванд бо паҳншавии ақидаҳо ва фарҳангҳои барои ҷомеаи суннатӣ бегона ҳамроҳ мебошад. Ба ҳамин хотир, масъалаи ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа аҳаммияти бештар пайдо кардааст.

Арзишҳое чун эҳтироми калонсолон, омӯзиши илму дониш, ҳунармандӣ, ахлоқи ҳамида ва дигар суннатҳои фарҳангие, ки дар осори мутафаккирони тоҷик тарғиб шудаанд, бояд ҳамчун пояи тарбияи насли наврас нигоҳ дошта шаванд. Аммо дар шароити ҷангҳои иттилоотӣ ва таъсири баъзе равандҳои хориҷӣ, баъзан кӯшишҳо барои коста намудани арзишҳои миллӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик мушоҳида мегарданд.

Аз ҷумла, масъалаи устувории оила яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Афзоиши пошхӯрии оилаҳои ҷавон метавонад ба пояҳои иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Зеро оилаи солим ҳамчун асоси тарбияи фарзандон, устувории ахлоқӣ ва рушди босуботи давлат нақши калидӣ дорад.

Ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа дар ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ мақоми бисёр муҳим доранд. Онҳо на танҳо бояд омӯзандаи таърих, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ бошанд, балки ҳамчун ҳомӣ ва тарғибгари онҳо низ фаъолият намоянд. Дар замони муосир, ки таъсири фарҳангҳои хориҷӣ торафт бештар мегардад, ҷавонон бояд дорои ҳисси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ бошанд. Танҳо дар сурати эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ миллат метавонад ҳувият ва истиқлолияти фарҳангии худро ҳифз намояд.

Яке аз пояҳои асосии ҳастии миллат забон ба шумор меравад. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ рамзи ваҳдат, истиқлолият ва фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи муҳими ҷавонон истифодаи дуруст ва поки забони модарӣ дар гуфтор, навиштор ва фазои иттилоотӣ мебошад. Мутаассифона, имрӯз дар байни баъзе ҷавонон истифодаи аз ҳад зиёди калимаҳои бегона мушоҳида мешавад, ки метавонад ба рушди забони миллӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин ҷиҳат, ҷавонон бояд барои ғанӣ гардондан ва густариши забони тоҷикӣ саҳми фаъол гузоранд.

Дар баробари забон, фарҳанги миллӣ низ аз ҷумлаи арзишҳои муҳими миллат маҳсуб меёбад. Фарҳанг таърих, ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагии мардумро инъикос менамояд. Ҷавонон бояд ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ арҷ гузошта, дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштироки фаъолона дошта бошанд. Ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар ташаккули ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши муҳим мебозанд.

Солҳои охир таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ бештар гардидааст. Ҷавонон метавонанд бо омӯзиши ҳунарҳои миллӣ барои эҳё ва нигоҳдории онҳо саҳм гузоранд. Чакандӯзӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, либосҳои миллӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ҷузъи муҳими фарҳанги тоҷикон мебошанд ва ҳифзи онҳо барои нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ аҳаммияти калон дорад.

Ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ ҳам таъсири мусбат ва ҳам манфӣ мерасонад. Аз як тараф, он барои рушди илм, технология ва иқтисод имкониятҳои нав фароҳам меорад, аз ҷониби дигар, паҳншавии фарҳангҳои бегона метавонад таваҷҷуҳи ҷавононро ба арзишҳои миллӣ коҳиш диҳад. Баъзе ҷавонон бештар ба фарҳанги хориҷӣ таваҷҷуҳ намуда, анъанаҳои миллиро камтар риоя мекунанд, ки ин метавонад ба суст гардидани худшиносии миллӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд тавонанд миёни дастовардҳои ҷаҳони муосир ва арзишҳои миллии худ тавозунро нигоҳ доранд.

Дар тарбияи ҷавонон муассисаҳои таълимӣ нақши калидӣ доранд. Мактаб ва донишгоҳҳо на танҳо марказҳои омӯзиши илм, балки муассисаҳои муҳими тарбияи ахлоқиву маънавӣ низ мебошанд. Омӯзгорон бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ тарбия намоянд. Омӯзиши осори классикони тоҷик ва таърихи миллат метавонад ба ташаккули худшиносӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ таъсири мусбат расонад.

Оила низ дар ин раванд мақоми махсус дорад. Кӯдак аввалин тарбия ва донишро маҳз дар муҳити оила мегирад. Агар дар оила эҳтиром ба забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ вуҷуд дошта бошад, фарзанд низ дар ҳамин рӯҳия ба камол мерасад. Волидон бояд фарзандонро ба китобхонӣ, омӯзиши таърих ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ намоянд.

Имрӯз воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти ҷавонон таъсири бузург мерасонанд. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд барои тарғиб ва муаррифии фарҳанги миллӣ имконияти хуб фароҳам оваранд. Ҷавонон метавонанд тавассути онҳо таърих, осори адибони тоҷик ва анъанаҳои миллиро муаррифӣ намоянд. Аммо истифодаи нодурусти интернет метавонад ба коҳиш ёфтани маърифат ва фарҳанги ҷавонон сабаб гардад. Аз ин рӯ, истифодаи дуруст ва мақсадноки технологияҳои муосир барои ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳаммияти калон дорад.

Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда коҳиш ёфтани шавқи ҷавонон ба китобхонӣ мебошад. Китоб сарчашмаи дониш, фарҳанг ва маърифат аст. Агар ҷавонон ба мутолиа кам таваҷҷуҳ намоянд, сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифати онҳо паст мегардад. Бинобар ин, рушди фарҳанги китобхонӣ яке аз роҳҳои муҳими ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ пайваста тадбирҳои муҳим меандешад. Қабули барномаҳои давлатӣ, қонунҳо ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ далели таваҷҷуҳи давлат ба ин масъала мебошад. Сиёсати давлатии ҷавонон барои тарбияи насли донишманд, ватандӯст ва худшинос заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Танҳо тавассути эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва забони миллӣ метавон ҳувияти миллӣ ва мавқеи шоистаи миллатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нигоҳ дошт.

Дар маҷмӯъ, ҷавонон дар ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ нақши ҳалкунанда доранд. Ояндаи миллат аз маърифат, дониш ва фарҳанги ҷавонон вобаста аст. Ҷавонони соҳибмаърифат ва ватандӯст метавонанд барои пешрафти давлат ва ҳифзи мероси миллӣ саҳми арзанда гузоранд. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вазифаи муҳими ҷомеа, давлат ва оила мебошад.

Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамин тавр, ҳифзи арзишҳои миллӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти устувори ҷомеа ва давлат ба шумор меравад. Фарҳанги миллӣ ҳамчун пояи маънавии миллат метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз таҳдидҳо ва таъсирҳои манфии ҷаҳони муосир ҳифз намояд. Бинобар ин, ҳифз ва густариши арзишҳои миллӣ барои пойдории давлат ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳаммияти махсус дорад.

Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Агар фарҳанги миллӣ заиф гардад, ҷойи онро фарҳанги бегона ишғол мекунад. Аз ин рӯ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад».

 

Шукуров Ф.А. – н.и.т., асситсенти кафедраи физиологияи патологӣ ва сарходими шуъбаи “Микросиркулятсия ва эндотелий”-и МД “Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ”-и МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”

Халифаева Ш. Х.– доктор PhD, ассистенти кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ

 


25.05.2026 13

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php