ИФТИХОРИ КАФЕДРА: ДОКТОРАНТОНИ МО ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САМАРҚАНД САЗОВОРИ ҶОЙҲОИ АВВАЛ ГАШТАНД

ИФТИХОРИ КАФЕДРА: ДОКТОРАНТОНИ МО ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САМАРҚАНД САЗОВОРИ ҶОЙҲОИ АВВАЛ ГАШТАНД

Рӯзҳои 15-16 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд 80-умин Конференсияи байналмилалии илмию амалии донишҷӯён ва олимони ҷавон таҳти унвони «Дастовардҳои тибби фундаменталӣ, амалӣ ва фарматсия» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ намояндагон ва олимони ҷавон аз кишварҳои мухталифи минтақа ширкат варзида, маҳсули корҳои илмии худро пешкаш намуданд.

Боиси ифтихор ва сарфарозии устодону муҳассилини донишгоҳи мо аст, ки докторантони PhD-и кафедра бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва усулҳои нави тадқиқотии худ таваҷҷуҳи аҳли илмро ҷалб намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва баландтарин холҳо гардиданд:

1.     Хушвахтов Умедҷон Маҳмадқулович – докторанти PhD (соли 3-юми таҳсил) — барои маърӯзаи илмии беҳтарин сазовори ҷойи 1-ум ва Дипломи дараҷаи I;

2.     Наҷмиддинов Хуршедҷон Наҷмиддинович – докторанти PhD (соли 3-юми таҳсил) — барои тадқиқоти арзишманд сазовори ҷойи 1-ум ва Дипломи дараҷаи I;

3.     Махсумов Саидқодир Муҳаммадиевич – докторанти PhD (соли 2-юми таҳсил) — барои баромади бомуваффақият сазовори ҷойи 2-юм ва Дипломи дараҷаи II.

Қобили зикр аст, ки чунин дастовардҳои илмии ҷавонон бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди илм, дастгирии олимони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.

Ҳайати профессору омузгорони кафедраи урология ба номи профессор Осимӣ муҳассилини ҷавонро барои дастовардҳои арзандаашон самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва касбӣ ба онҳо муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.

 

Кафедраи урология ба номи профессор Осимӣ А.С.


22.05.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php