ИФРОТГАРОӢ ВА МАВОДҲОИ ПСИХОТРОПӢ ҲАМЧУН ОМИЛҲОИ ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕА
Санаи 28 апрели соли 2026 дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ семинар таҳти унвони “Ифротгароӣ ва маводҳои психотропӣ ҳамчун омилҳои таҳдид ба амнияти ҷомеа” баргузор гардид.
Дар оғози семинар муовини ректор оид ба тарбия Аҳрориён З.А. суханронӣ намуда, роҷеъ ба хатарҳои замони муосир, аз ҷумла таъсири гурӯҳҳои ифротгаро ва паёмадҳои манфии истифодаи маводҳои психотропӣ ибрози андеша кард. Номбурда зарурати баланд бардоштани ҳушёриву зиракии сиёсӣ миёни ҷавононро таъкид намуда, зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят менамоянд. Қайд гардид, ки ояндаи давлату миллат аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон вобастагии мустақим дорад.
Дар идома роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев Аличон баромад намуда, ҷавононро ба омӯзиши амиқи илму маърифат, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ даъват кард. Ӯ зикр намуд, ки ҷавонон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бояд ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими суботу амният саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамчунин, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Шоҳин зимни баромади худ ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамшуда метавонад ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд. Зикр гардид, ки дар шароити имрӯза давлат барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон тамоми заминаҳои заруриро фароҳам овардааст ва ҷавононро мебояд аз ҳар гуна маводҳои нашъадор дурӣ ҷуста, ба ҳифзи саломатии худ ва ҷомеа диққати ҷиддӣ диҳанд.
Дар идома, муовини аввали сардори раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ бо баромади пурмуҳтаво ҷавононро ба хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ободонии кишвар даъват кард. Номбурда таъкид намуд, ки илму дониш василаи асосии пешрафти ҷомеа буда, инсонро аз ҷаҳолат ва амалҳои номатлуб нигоҳ медорад. Ӯ махсусан, ба донишҷӯёни соҳаи тиб муроҷиат намуда, зикр кард, ки масъулияти онҳо дар назди ҷомеа бисёр бузург аст, зеро ҳифзи саломатии миллат ба донишу малака ва фаъолияти касбии онҳо вобаста мебошад. Њамчунин, ў андешаҳои экстремистӣ ва амалҳои террористии гурӯҳҳои ифротгароро шадидан маҳкум намуда, ҳадафи онҳоро халалдор сохтани амният ва суботи давлатҳо арзёбӣ кард. Дар идома мавсуф ба шарҳи мафҳуми «тоҷик» пардохта, онро ҳамчун нишонаи халқи соҳибфарҳанг ва соҳибхирад тавсиф намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки маводҳои нашъадор, бахусус дар шакли таблеткаҳо, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Зикр шуд, ки чунин маводҳо ҳамчун заҳр ба саломатии инсон таъсири ҷиддӣ расонида, қобилияти ақлониву идрокиро коҳиш медиҳанд ва метавонанд ба оқибатҳои вазнин, аз ҷумла марг, оварда расонанд.
Ҳамзамон, декани факултети фарматсевтии Донишгоҳ Гулмаҳмадзода Зафар дар идомаи суханронӣ доир ба зарари маводҳои психотропӣ, махсусан дар шакли таблеткаҳо, андешаронӣ намуда, таъсири манфии онҳоро ба саломатии инсон таъкид кард.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Аҳрориён З.А. аз номи раёсати Донишгоҳ ба намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок ва баргузор намудани чунин мулоқоти судманд изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин семинарҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим мебозад.
Муовинати тарбия