ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ
Санаи 03.04.2026 дар маҷлисгоҳи кафедра бо иштироки ҳайати пурраи кормандон, ординаторон ва интернҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъомади идона баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ ассистенти кафедра Солеҳов А. ва дотсент Расулов Н.И. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво оид ба таърихи Наврӯз, моҳият, арзишҳои фарҳангӣ ва аҳамияти байналмилалии он баромад намуданд. Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллӣ бо таърихи ҳазорсолаҳо рамзи эҳёи табиат, сулҳу ваҳдат, умед ва шукуфоии зиндагӣ мебошад.
Ҳамзамон, иштирокдорон доир ба анъанаҳои наврӯзӣ, аз ҷумла рамзҳои Ҳафтсин, ҷойгоҳи Наврӯз дар тамаддуни тоҷикон ва мақоми байналмилалии он мубодилаи афкор анҷом доданд. Қайд шуд, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи даврони соҳибистиқлолӣ Наврӯз мазмуну шаҳомати тоза касб намуда, ҳамчун ҷузъи мероси ғайримоддии фарҳанги башарият дар феҳристи ЮНЕСКО ҷой гирифтааст.
Дар қисмати музокира байни иштирокдорон ва маърӯзачиён суолу ҷавоб ва муколамаҳои ҷолиб сурат гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ мудири кафедра, д.и.т. Қурбонов Ҷ.М. суханронӣ намуда, ҳамаи кормандонро ба муносибати ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба онҳо тандурустӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои нав орзу намуд.
Кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ ба номи профессор Каримов М.К.