ИДОМАИ САФАРИ ХИЗМАТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ШАҲРИ ИЖЕВСК: ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИЮ АКАДЕМӢ

ИДОМАИ САФАРИ ХИЗМАТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ШАҲРИ ИЖЕВСК: ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИЮ АКАДЕМӢ

Дар идомаи сафари хизматии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ба шаҳри Ижевски Федератсияи Русия, 22 сентябри соли 2026 вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳ бо роҳбарияти Донишгоҳи Ижевск баргузор гардид.

Ҳайати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз ҷониби ректори Донишгоҳи Ижевск, доктори илмҳои тиб, профессор Шкляев А.Е. самимона пазироӣ гардид. Дар доираи мулоқоти дуҷониба масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва академии байни ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои рушди муносибатҳои байнидонишгоҳӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, мубодилаи таҷрибаи омӯзгорӣ ва касбӣ, таҳкими робитаҳои академӣ миёни устодону муҳаққиқон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ табодули афкор намуданд.

Дар ин замина, ба масъалаи рушди мубодилаи академӣ, ҷалби мутахассисон ва муҳаққиқон ба корҳои муштараки илмӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар самти таълими тиббӣ ва таҳкими робитаҳои касбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории мустақими муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии ду кишвар дар фароҳам овардани имкониятҳои нави илмӣ ва академӣ, баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони соҳаи тиб, рушди иқтидори илмӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи таълимию табобатӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва академӣ изҳор намуда, зарурати густариши самтҳои муштараки фаъолиятро таъкид карданд.

Мулоқоти мазкур дар идомаи сафари хизматии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба шаҳри Ижевск баргузор гардида, ҳамчун бахши муҳими барномаи сафар барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Федератсияи Русия арзёбӣ мегардад.

Идомаи чунин мулоқоту вохӯриҳои сатҳи роҳбарӣ барои таҳкими робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ, тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва академӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олии тиббӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


24.09.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php