ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ. КАФЕДРАИ АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГИИ № 2

ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНӢ. КАФЕДРАИ АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГИИ № 2

Дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2-и Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ходими намоёни сиёсӣ, собиқ муовини Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дипломати муваффақ Қозидавлат Қоимдодов иштирок намуда, доир ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI –уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва марҳилаҳои муҳими таҳкими истиқлоли давлатӣ суханронӣ карданд.

Зимни баромад мавсуф оид ба вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, раванди барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва нақши роҳбарияти давлат дар пешбурди сиёсати созанда маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, ба масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, худшиносии таърихӣ ва масъулияти насли ҷавон дар назди давлату миллат таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар идомаи чорабинӣ филми мустанади таърихӣ оид ба Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки тавассути он иштирокдорон бо лаҳзаҳои муҳими ин рӯйдоди сарнавиштсоз ва фазои сиёсии он давра бештар шинос гардиданд.

Чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсиву таърихии омӯзгорону донишҷӯён, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории миллӣ аҳаммияти муҳим доранд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


18.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php