ИДИ МЕҲРГОН ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН
16 октябри соли 2026 дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби Донишгоҳ бо иштироки донишҷӯёни курси панҷуми факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 29 ва 32, дар мавзуи «Иди Меҳргон - ҷашни бузурги хусравон» семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар семинар ассистенти кафедра Саидова С.Н. оид ба таърихи пайдоиш, арзишҳои фарҳангӣ ва анъанаҳои ҷашни Меҳргон суханронӣ намуда, онро яке аз ҷашнҳои қадимаи миллии мардуми тоҷик ва рамзи фаровонӣ, баракат ва ҳосилғундорӣ арзёбӣ кард. Ҳамзамон, ассистенти кафедра Шарифзод Ф.Ч. доир ба эҳёи анъанаҳои миллӣ ва аҳаммияти Меҳргон дар замони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуд.
Дар идома донишҷӯён дар мавзуи «Меҳргон - ҷашни ҳосилғундории деҳқонону боғдорон» маърузаҳо пешниҳод карда, оид ба таърих ва аҳаммияти ин ҷашни миллӣ маълумот доданд.
Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангии донишҷӯён, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон баргузор гардид.
Кафедраи нигаҳдории тандурустии
ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб