ИДАТОН МУБОРАК ОМӮЗГОРОНИ АЗИЗ!

ИДАТОН МУБОРАК ОМӮЗГОРОНИ АЗИЗ!

Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,
Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.
Қадри ӯ хеле баландгардид андар ин замон,
Нест мисли ӯ касе боло нишин дар ҳар макон.

Омӯзгор ҳамчу офтоб дар шаби торики зулмот олами маънавиро равшан месозад, ҳамчун борон бар замини хушки андешаҳо меборад ва инсонро аз зулмату ҷаҳлу нодонӣ наҷот мебахшад. Ғунчаҳои илмро дар гулистони вуҷуд мепарварад ва шаҳди ширини донишро ба коми ташнагони илм мерезад. Ӯ шахсест, ки бо нури илму дониш ба тамоми олам рӯшанӣ меафканад. Ин партави заковату заҳмати маънавияти омӯзгор аст, ки имрӯз инсон коинот ва укёнусҳоро фатҳ намудааст. Дар ба вуҷуд омадани технологияҳои навтарини замонавӣ, рушди воситаҳои иттилоот, кашфи тамоми нуқтаҳои Замин, баромадан ба Кайҳон ва монанди инҳо. ки натиҷаи рушди тафаккури инсон мебошанд ва бо такмили донишу маънавият ба даст омадааст роли аввалиндараҷаи муаллимон-устодон бениҳоят калон мебошад. Пас, муаллим касби оддӣ набуда, балки масъулини имрӯзу ояндаи инсон мебошад.

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

На ҳама ҳам аз уҳдаи кори омӯзгорӣ мебароянд, на ҳама ҳам ба он майлу рағбат доранд, чунки муаллимӣ масъулияти баланд ва вақти зиёдро талаб мекунад. Омӯзгорро зарур аст, ки дар баробари ташвишҳои зиндагӣ доим дар ҷустуҷӯву омӯзиш бошад, усулҳои наву дастнорас ва самарабахши таълимро пайдову кашф намуда, дар ҷараёни дарс корбаст намояд, вагарна бидуни омӯзиши мунтазам ба хонандагон чизе лоиқи таҳсин ва омӯзанда доданаш душвор аст.Ӯ аввалин шахсест, ки ғунчаҳои боғи ҳаётро дар рӯҳияи некандешӣ ба воя мерасонад. Чашми онҳоро ба сӯи оламу одам боз мекунад ва сабаби такомули шахсияти онҳо мегардад.

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор. 

Дар ҳамаи давру замонҳо омӯзгор байни мардум эътибори вижае доштаву дорад. Ривоҷи тафаккур ва маънавияти насли ҷавон маҳз, ба ибтикору кӯшиши ӯ вобаста аст.

Агар омӯзгор босаводу хушмуомила бошад ва тавонад, ки бо иҷрои нақшҳои гуногун ҳангоми дарс, ба дили шогирдон роҳ ёбад, шогирдон ӯро барои худ идеал интихоб мекунанд.

Хонаободии мо – омӯзгори пуршараф,
Заҳмати ӯ мерасонад одамиро бар ҳадаф.

Дар ҷомеаи имрӯз, ки технология бо суръат ривоҷ меёбаду хонанда ба ҳамаи маводи таълимӣ метавонад дастрасӣ дошта бошад ва ҳамчунин бо истифода аз усули таълими масофавӣ хеле чизҳоро азхуд кардан мумкин аст, боз ҳам эҳтиёҷ ба омӯзгорони варзидаву дорои саводи баланди педагогӣ афзун мегардад.

   Муаллим офтобе дон, ки метобад ба баҳрубар,
Зи нури илм равшан менамояд даҳрро яксар.

Мақоми омӯзгор дар ҷомеаи мо имрӯз манзалати худро дорад. Касби омӯзгорӣ пешаи муқаддас ва шариф аст. Ҳама шоирону олимон навиштану хонданро дар назди омӯзгор ёд гирифта, ба мартабаҳои баланд расидаанд. Тамоми мутахассисони касбу кори гуногун аз дасти омӯзгор мебароянд. Бинобар ин ҳама сола дар Тоҷикистон ҳафтаи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор ҷашн гирифта мешавад.

 Ҷашнатон бодо муборак, устодони азиз,
Шодмон бошед доим, ғамгусорони азиз!

Тамоми устодону омӯзгоронро бо ин рӯзи саид, рӯзи гиромидошти илму маърифат ва хираду ақлу андеша, яъне Рӯзи муаллимон табрику таҳният намуда, ба онҳо саодати зиндагӣ, сарбаландӣ ва хушии рӯзгорро таманно дорад.

Идатон муборак, муаллимони азиз!

Қурбонова Масуда Боқиевна

      н.и.б.,дотсенти кафедраи биохимия

 


01.10.2024 1072

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php