ИҶЛОСИЯИ XVI –И ШУРОИ ОЛӢ - МАРҲИЛАИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

ИҶЛОСИЯИ XVI –И ШУРОИ ОЛӢ - МАРҲИЛАИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Ба муносибати солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи физиологияи патологӣ таҳти роҳбарии мудири кафедра, н.и.т., дотсент Қурбонбекова П.Қ. ва бо иштироку ҳамоҳангсозии масъулини бахши илм ва тарбияи кафедра, н.и.т., ассистент Шукуров Ф.А. ва Назариён Н.Р. ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ ва маърифатӣ таҳти унвони «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ – марҳилаи тақдирсоз дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён фаъолона иштирок доштанд. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, фазои тантанавӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатиро фароҳам овард.

Сипас, мудири кафедраи физиологияи патологӣ, дотсент Қурбонбекова П.Қ. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олиро дар раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол шарҳу тавзеҳ доданд.

Бахши фарҳангӣ-маърифатии чорабинӣ бо иштироки фаъоли донишҷӯёни гурӯҳи 43-юми факултети тиббӣ, ки таҳти роҳнамоии омузгор, н.и.т., ассистент Шукуров Ф.А. барномаи махсус омода намуда буданд, идома ёфт. Донишҷӯён бо истифода аз рӯнамоҳои электронӣ (презентатсияҳо) мавзӯъҳои муҳими таърихиро мавриди таҳлил қарор дода, дар бораи шароити баргузории Иҷлосияи XVI –уми Шурои Олӣ, вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 1992–1997, қарорҳои қабулгардида ва аҳамияти онҳо барои минбаъд ба эътидол овардани вазъи ҷомеа маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Яке аз бахшҳои таъсирбахш ва хотирмони ҳамоиш намоиши саҳначаи таърихӣ аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳи 43-юм буд, ки вазъи душвори мардуми Тоҷикистонро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ инъикос менамуд. Дар саҳнача лаҳзаҳои пуризтироби он давра, мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ, ҷудоии оилаҳо, ранҷу азоби модарон, нигаронии кӯдакон аз нооромии кишвар ва орзуву умеди мардум ба барқарор гардидани сулҳу осоиштагӣ ба таври бадеӣ таҷассум ёфтанд.

Иҷрои таъсирбахш ва самимонаи суруд аз ҷониби Таҷалиев Далер бо маҳорати баланди овозхонӣ, эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ фарқ мекард. Ҳунарнамоии ӯ ба ҳозирин таассуроти нек бахшида, бо кафкӯбиҳои гарму самимии иштирокчиён истиқбол гардид.

Дар идомаи барномаи фарҳангӣ донишҷӯён аз ашъори шоирони тоҷик порчаҳои шеърӣ дар васфи Ватан, сулҳу ваҳдат, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ қироат намуданд. Баромадҳои адабӣ ба чорабинӣ рӯҳияи баланди маънавӣ бахшида, аҳамияти ҳифзи сулҳ ва ягонагии миллатро боз ҳам равшантар инъикос карданд.

Дар қисмати дигари ҳамоиш миёни омӯзгорон ва донишҷӯён мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб оид ба заминаҳои таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ, қарорҳои муҳими он, шароити сиёсии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва раванди минбаъдаи барқарорсозии сулҳу суботи кишвар сурат гирифт.

Дар фарҷоми чорабинӣ мудири кафедра, дотсент Қурбонбекова П.Қ. ба омӯзгорон ва донишҷӯёни гурӯҳи 43-юми факултети тиббӣ барои омодагии ҳамаҷониба, иштироки фаъолона, таҳияи рӯнамоҳои пурмуҳтаво, иҷрои саҳначаи таърихӣ ва барномаи фарҳангӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Кафедраи физиологияи патологӣ


14.11.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php