ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБӢ ДАР МАДДИ НАЗАР: НАМОЯНДАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ВОРИСОНИ СИНО» ДАР МАҶЛИСИ НАТИҶАГИРИИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СИНО ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ НАМУД

ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБӢ ДАР МАДДИ НАЗАР: НАМОЯНДАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ВОРИСОНИ СИНО» ДАР МАҶЛИСИ НАТИҶАГИРИИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СИНО ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ НАМУД

Дар Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда ҷиҳати тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизб, густариши корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа муайян карда шуданд.

Дар кори маҷлис роҳбарону фаъолони ҳизбӣ, намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва масъулони сохторҳои гуногун иштирок намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти худ ва роҳҳои боз ҳам такмил бахшидани фаъолияти ҳизбӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ҳамоиш аз номи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ворисони Сино»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино раиси Шурои занону духтарони донишгоҳ Амонзода Сабоҳат Бобишо иштирок ва суханронӣ намуд. Ӯ зимни баромади худ ба аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намуда, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абуалӣ ибни Синоро ҳамчун иқдоми муҳим дар самти қадршиносии дастовардҳои илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тиб арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки ин ташаббус метавонад дар муаррифии мероси гаронбаҳои илмию фарҳангии халқи тоҷик ва ташвиқи арзишҳои башардӯстонаи мактаби тиббии Абуалӣ ибни Сино нақши муассир гузорад.

Ҳамзамон, Амонзода Сабоҳат Бобишо вобаста ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани солҳои 2027-2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда андешаҳои худро иброз намуда, ин ташаббуси навбатии ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишонаи эътирофи нақши созандаи кишвар дар таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки иштироки фаъолонаи аҳли зиё, ҷавонон ва муассисаҳои илмӣ-таълимӣ дар татбиқи ҳадафҳои ин даҳсола барои тарбияи насли ватандӯст, сулҳпарвар ва соҳибмаърифат аҳаммияти бузург дорад.

Дар анҷоми маҷлис вазифаҳои мушаххас барои фаъолияти минбаъдаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муайян гардида, ба таҳкими корҳои идеологӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, рушди ташаббусҳои созанда ва иштироки фаъолонаи аъзои Ҳизб дар татбиқи сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


08.07.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php