ЭЛЕКТРОЭНТСЕФАЛОГРАФИЯ (ЭЭГ) - УСУЛИ МУОСИРИ ТАҲҚИҚИ ФАЪОЛИЯТИ БИОЭЛЕКТРИКИИ МАҒЗИ САР

ЭЛЕКТРОЭНТСЕФАЛОГРАФИЯ (ЭЭГ) - УСУЛИ МУОСИРИ ТАҲҚИҚИ ФАЪОЛИЯТИ БИОЭЛЕКТРИКИИ МАҒЗИ САР

Дар пойгоҳи кафедраи физиологияи нормалӣ донишҷӯёни ихтисоси «Кори тиббию психологӣ» дар давоми ду соли тањсил фанҳои нейрофизиология, психофизиология, физиологияи системаҳои ҳиссӣ ва навъҳои фаъолияти олии асаб (ФОА)-ро меомӯзанд:

Усули асосии фундаменталии таҳқиқот дар амалияи психонейрофизиологҳои оянда электроэнсефалография (ЭЭГ) мебошад. Ин усул имкон медиҳад, ки равандҳои объективии электрикии мағзи сар бо психика, рафтор ва ҳолати инсон дар вақти воқеӣ алоқаманд карда шаванд.

ЭЭГ - усули бехатар ва бедардтарини ташхиси функсионалӣ буда, фаъолияти биоэлектрикиро сабт мекунад: ритмҳои асосии мағз (ритмҳои алфа-, бета-, тета-, делта-) -ро дар ҳолати бедорӣ ё хоб муайян менамояд. Дар машғулияти амалӣ донишҷӯён аз сеанси ташхиси ЭЭГ иштирок карда, бо хусусиятҳои гузаронидани протседура, давомнокии сеанс ва тафсири маълумоти гирифташуда шинос шуданд.

КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ


10.11.2026 7

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php