ЭКСПЕДИТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ДАР ВМКБ ИДОМА МЕДИҲАД

ЭКСПЕДИТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ДАР ВМКБ ИДОМА МЕДИҲАД

Экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ бо иштироки мутахассисони байналмилалӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) фаъолияти худро идома медиҳад. Дар доираи таҳқиқот маълумот оид ба ҳолати микрогардиши хун ва нишондиҳандаҳои мубодилаи оксидшавӣ ба даст оварда шуда, инчунин барои муайян намудани шумораи ҳуҷайраҳои дескваматсияшудаи эндотелӣ намунаҳои хун гирифта шуданд. Муоина ҳам дар байни сокинони амалан солим ва ҳам беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, ки дар ноҳияи Мурғоб дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунанд, гузаронида шуд.

Таҳқиқотро номзади илмҳои тиб Ф.А. Шукуров, корманди илмии шуъбаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ С. Наврузбекова ва унвонҷӯи шуъбаи микрогардиш ва эндотелий Х. Марипов анҷом медиҳанд.

Ҳадафи экспедитсия омӯзиши ҳамаҷонибаи хусусиятҳои микрогардиши хун ва ҳолати функсионалии эндотелияи рагҳо дар сокинони минтақаҳои баландкӯҳ, инчунин таҳқиқи механизмҳои мутобиқшавии физиологии организм ба шароити гипоксияи музмини баландкӯҳ ва омилҳое мебошад, ки хатари рушди бемориҳои дилу рагро муайян мекунанд.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои таҳқиқот тасаввуроти муосирро оид ба таъсири шароити баландкӯҳ ба вазъи системаи дилу раги инсон густариш дода, барои татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд. Маълумоти бадастомада инчунин метавонад ҳангоми таҳияи равишҳои муосири пешгирӣ, ташхиси барвақтӣ ва табобати фардии бемориҳои дилу раг дар байни аҳолии минтақаҳои баландкӯҳ истифода шавад.

Гурӯҳи муҳаққиқон ба Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин ба сартабибони беморхонаҳои ноҳиявии ВМКБ барои ҳамкории ҳамаҷониба дар ташкил ва баргузории таҳқиқоти илмӣ изҳори сипосу қадрдонии самимӣ менамоянд.


10.07.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php