ЭҲТИРОМИ КОНСТИТУТСИЯ - ЭҲТИРОМИ ВАТАН ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

ЭҲТИРОМИ КОНСТИТУТСИЯ - ЭҲТИРОМИ ВАТАН ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

31 октябри соли 2026 дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарбиявию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ донишҷӯён бо маърузаҳо, қироати шеърҳо ва иҷрои сурудҳо аҳаммияти таърихию сиёсии Конститутсияро дар ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон шарҳ доданд. Қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ҳамчун Қонуни асосии давлат заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро фароҳам овардааст.

Таъкид шуд, ки эҳтиром ва риояи Конститутсия, эҳтиром ба қонун ва адолат аз ҷумлаи масъулиятҳои муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар буда, дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ нақши муҳим дорад.

Чорабинӣ дар фазои идона баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба Конститутсия ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ ва бақои давлатдории миллӣ буд.


   

    Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи ба номи профессор Бердиев Н.Б.           

                              


02.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php