ЭҲТИРОМ ҚАРЗИ ИНСОНИИ ҲАР ЯК ФАРЗАНД МЕБОШАД

ЭҲТИРОМ  ҚАРЗИ  ИНСОНИИ  ҲАР  ЯК ФАРЗАНД  МЕБОШАД

Дар хотир бояд дошт, ки хизмат ба падару модар, ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми онҳо вазифа ва қарзи инсонии ҳар як фарзанд мебошад. Зеро онҳо ширинтарин лаҳзаҳои ҳаёт ва   ҳамаи   меҳру садоқати худро барои ба воя расондан ва таълиму тарбияи фарзанд мебахшанд. Набояд фаромӯш кард, ки волидон ҳам замоне   ҷавону боқувват буданд ва бо сад умеду орзу   дар лахзаҳои тифлӣ фарзандро ба оғуши гарми худ гирифта , ғамхори   менамуданд ва аз   носозгори рӯзгор эмин доштанд, бойгариву сарвати доштаашонро сарф карданд, то ки вай ба ин дараҷа бузург шавад. Акнун онхо пиру камқувват шудаанд. Чашмонашон хира гаштааст. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарзанд аст, ки ҳурмати онхоро ба ҷо орад, ба насиҳаташон гӯш диҳаду ёрирасонашон бошад. Аз   ранҷидонидани   дили онҳо   худдорӣ   намояд.

        Бале, хар як падару модар бо ранҷу   заҳмати   зиёд, ба умеди   фардои худ   фарзандро   тарбия   намуда   ба воя мерасонад. Ҳар гоҳ фарзанд бемор шавад, падару модар   дарди ӯро   дар ҷисму   ҷони хеш эҳсос карда   барои наҷоти ӯ   тайёран   ҳастии худро   нисор мекунанд. Падару модар аз хар амали неки фарзандон   меболанду ифтихор мекунанд, аз   нобарорию   нохушии онхо ғам мехӯранду   маъюс мешаванд.   Онҳо   то зиндаанд, фарзанд   барояшон   ҳамоно кӯдак аст, ки омадаанд ҳар дам ба   ёриаш шитобанд.

         Унсурмаолии Кайковус дар «Кобуснома»    дар боби     эҳтироми падару модар навиштааст:   «Бидон, эй писар, ки аз   муҷиби хирад бар фарзанд вочиб аст худро   ҳурмат доштанд ва тааххуд   «нигоҳу бин»   кардан   ва низ   воҷиб аст   асли худро тааххуд   кардан ва ҳурмат доштан ва асли ӯ ҳам падару модар аст. Ва он фарзандро ки мудом хирад   раҳнамои ӯ бувад , аз ҳаққи мехри   падару модар   холӣ набошад… Ва зинҳор, эй писар, ки   ранҷи падару модар хор надорӣ .»

       Падару модарон танҳо мӯҳточи   эҳтирому   дидори фарзандон мебошанд. Аз ин рӯ, бояд фарзандон дар ҳар фурсати муносиб   бо ҳамсару фарзандони худ   ба дидорбиниашон   биёянд, дар кори рӯзгор   ба онҳо ёрӣ расонида, аз аҳволашон   бохабар бошанд.   Ин муносибати   фарзандон   дарсест барои фарзандони худи онҳо. Амали неку рафтори шоиста   барои   фарзандон намунаи ибрат гардида,   онҳоро   ба ҳурмату эҳтиром кардани падару модар ҳидоят менамоянд. Беҳуда нест, ки гуфтанд:   «Ҳурмат кунӣ - ҳурмат бинӣ». Педагоги маъруфи рус В.А.Сухомлинский   чунин менигорад: «Барои падар ва модар ту ҳамеша, ҳатто баъди панчоҳ, шаст, ҳафтод, ҳаштод ва навад сола шуданат ҳам кӯдакӣ. Хар қадаму рафтори ту , хоҳ рафтори хуб бошад, хоҳ бад ба дили   падару модар асар намуда хурсандӣ мебахшад ё дард меорад,   саодатманд мекунад ё азобу кулфат меоранд. Онхо нисбат ба ту мехру мухаббати бепоён доранд, вале замоне мерасад, ки барои ба ту бахшидани   ашёи   ҳаёт дигар қувваташон намемонад ва қувваи онҳо фақат ба дӯст доштани ту мерасаду бас. Бидон, ки ба ғамхории падару модар, ба меҳру муҳаббат   ва садоқати   бепоёни онҳо бо ғамхорӣ ва меҳру муҳаббат ва садоқати   худ нисбат ба онҳо   ҷавоб гардонданд қарзи инсонии фарзанд аст. Қарзи фарзандро аз падару модар бо ягон ченак қиёс кардан, бо ягон асбоб ҳисоб кардан мумкин нест ».

Воқеан ҳам, чунон ки меҳру муҳаббати падару модар ба фарзандон беинтиҳост, қарзи фарзандон низ дар назди волидон беохир аст   ва бо ҳеч ченаке   қиёсшаванда нест. Шоир ба ин мазмун мегуяд:

    Як   шаба он ранҷ, ки модар кашид,

    Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

 

Мо бояд бо падару модари хеш ҳамеша   накурафтору хушмуомила, мушфиқу   меҳрубон ва ҳалиму қадрдон   бошем, то дар зиндагӣ соҳиби обрӯю эътибор ва   баракати рӯзгор гардем.

Маҳмудова С.С., Рамазанова И. М. - омузгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ


23.04.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php