ДУШАНБЕ – СИМОИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

ДУШАНБЕ – СИМОИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

(Дар остонаи ҷашни 35-солагии
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар тӯли дарозои таърих барои ҳар миллат шаҳрҳое буданд, ки на танҳо маркази идораи ҳукуматӣ, балки таҷассуми руҳу ирода, ормон ва фарҳанги миллӣ эътироф мегардиданд. Барои тоҷикон чунин шаҳр бо вуљуди љавон буданаш, бидуни шак, Душанбеи нозанин аст – пойтахте, ки дар тӯли бештар аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ аз доираи як маркази маъмурӣ берун рафта, ба рамзи давлатдории навини тоҷикон, оинаи таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар табдил ёфтааст.

Агар ба саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон назар афканем, баръало эҳсос мегардад, ки рушди Душанбе аз рушди Истиқлоли давлатӣ ҷудо нест. Ҳар қадам дар ободонии пойтахт, ҳамзамон, қадаме дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, боло бурдани обрӯй ва мақоми байналмилалии Тоҷикистон ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум буда ва ҳаст. Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон дар баробари мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин вазъ рушди шаҳрсозӣ наметавонист, дар мадди аввал қарор гирад. Аммо бо барқарор гардидани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ки дар саргаҳи ин хизматҳои бемислу монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, сиёсати созандагӣ тадриҷан ба меҳвари рушди мамлакат табдил ёфт. Дар меҳвари ин сиёсати бунёдкорона пойтахти кишвар қарор гирифт, зеро, маҳз, Душанбе бояд симои Тоҷикистони соҳибистиқлолро таҷассум мекард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бо дастгириву ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумат ва заҳмати созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст».

Ин ҳадаф дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тадриҷан ба воқеият табдил ёфта истодааст. Имрӯз ҳар гӯшаи пойтахт аз сиёсати созандагӣ ва ҷаҳонбинии навини шаҳрсозӣ шаҳодат медиҳад.

Бояд зикр кард, ки пойтахт танҳо маҷмуи биноҳо нест. Шаҳр, пеш аз ҳама, муҳити зиндагии инсон, фазои фарҳангӣ ва симои маънавии ҷомеа мебошад. Агар чанд даҳсола пеш Душанбе бештар ҳамчун маркази маъмурии ҷумҳурӣ шинохта мешуд, имрӯз он ба яке аз шаҳрҳои муосири минтақа ва ҳатто љаҳон табдил ёфтааст. Дар симои имрӯзаи Душанбе метавон. Ҳамзамон, ду равандро мушоҳида кард. Аз як тараф, шаҳр руҳи таърихӣ ва ҳувияти миллии худро нигоҳ доштааст. Аз ҷониби дигар, бо меъмории муосир ва инфрасохтори нав ҷавобгӯйи талаботи асри XXI яъне љаҳони муосир гардидааст. Ин ҳамоҳангии суннати дерина ва навоварӣ яке аз хусусиятҳои муҳими рушди пойтахт унвон мешавад.

Дар солҳои Истиқлол садҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маъмурӣ ва хизматрасонӣ бунёд гардида, шабакаи роҳҳо, кӯчаҳо ва хиёбонҳо таҷдид шуданд. Ҳамзамон, меъмории шаҳр низ мазмуни тоза гирифт. Имрӯз биноҳои нав танҳо барои истифодаи амалӣ сохта намешаванд, онҳо рамзи завқи меъморӣ, худшиносии миллӣ ва сатҳи рушди давлат мебошанд. Ин таҳаввулот нишон медиҳад, ки шаҳрсозӣ дар Тоҷикистон танҳо сохтмони биноҳои нав нест. Он ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тољикон аст, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифати зиндагии мардум мебошад.

Дар давраи Истиқлол маҷмааҳои бошукуҳ, қасрҳои фарҳангӣ, марказҳои давлатӣ, биноҳои баландошёна, меҳмонхонаҳои замонавӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд гардиданд, ки ҳар яке ба руши симои шаҳр саҳми назаррас гузоштанд. Иншооте ба монанди Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, боғҳои фарҳангӣ ва майдону хиёбонҳои нав на танҳо объектҳои меъморӣ, балки рамзҳои ҳувияти миллӣ шинохта мешаванд. Дар ин иншоот истифодаи унсурҳои анъанавии меъмории тоҷикӣ бо технологияҳои муосир ба таври ҳунармандона ҳамоҳанг гардидааст. Ҳамин хусусият ба меъмории Душанбе шахсияти мустақил мебахшад ва онро аз бисёр шаҳрҳои дигар фарқкунанда месозад.

Имрӯз меҳмонони хориҷӣ бештар аз ҳама ҳамин ҳамоҳангии анъана ва муосириятро дар симои пойтахт таъкид менамоянд. Яъне шаҳри Душанбе на кӯшиши тақлид ба шаҳрҳои дигар, балки намунаи роҳи хоси рушди шаҳрсозии тоҷикон аст.

Яке аз муҳимтарин нишонаҳои рушди шаҳр фарҳанги муҳити ҷамъиятӣ мебошад. Дар шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон арзиши боғҳо, гулгаштҳо ва хиёбонҳо аз арзиши биноҳои маъмурӣ кам шумурда намешаванд, зеро, маҳз, ҳамин фазо сатҳи зиндагии шаҳрвандонро муайян мекунад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Душанбе ба яке аз сабзтарин шаҳрҳои минтақа табдил ёфтааст. Боғҳои нав, майдонҳои истироҳатӣ, фаввораҳои муосир, шаршараи назаррабо, гулгаштҳои зебо ва хиёбонҳои васеъ ба шаҳр таровати тоза бахшиданд. Имрӯз сайругашт дар хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, Абуалӣ ибни Сино ё боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт танҳо истироҳат нест, он эҳсоси ифтихор аз ободии Ватанро низ тақвият мебахшад. Ҳамчунин, бояд махсус зикр карда шавад, ки дар арафаи таљлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода қарор гирифтани Театри миллӣ низ аз муҳимтарин омили рушди фарҳанг дар пойтахт арзёбӣ карда мешавад.

Аз ҳамин ҷиҳат, Душанбе имрӯз на танҳо пойтахти сиёсӣ, балки шаҳри дорои фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ низ маҳсуб меёбад.

Душанбе дар солҳои охир ба яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангии минтақа табдил ёфт. Гузаронидани ҳамоишҳои байналмилалӣ, конфронсҳои сатҳи баланд, мусобиқаҳои варзишии сатҳи љаҳонӣ ва мулоқотҳои муҳими сиёсӣ эътибори пойтахти Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ афзоиш дод. Мизбонии чунин чорабиниҳо тасодуфӣ нест. Он натиҷаи рушди инфрасохтори шаҳрӣ, сатҳи баланди омодагӣ, муҳити ором ва фарҳанги меҳмондӯстии мардуми тоҷик мебошад.

Имрӯз вақте меҳмонони хориҷӣ ба Душанбе меоянд, онҳо пеш аз ҳама бо чеҳраи нави Тоҷикистон шинос мешаванд. Пойтахт ба як равзанаи муаррифии кишвар табдил ёфтааст, ки тавассути он ҷаҳон бо таърих, фарҳанг ва имкониятҳои Тоҷикистон ошно мегардад. Дар ин замина сиёсати созандаи давлат барои рушди пойтахт аҳамияти стратегӣ дорад. Зеро ҳар як дастоварди Душанбе дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун дастоварди тамоми Тоҷикистон пазируфта мешавад.

Бояд махсус зикр карда шавад, ки дар ҷаҳони муосир яке аз муҳимтарин меъёрҳои арзёбии рушди шаҳрҳо на танҳо зебоӣ ва инфрасохтор, балки сатҳи амният ва оромии иҷтимоӣ мебошад. Шаҳре, ки инсон дар он худро озод, осуда ва ҳифзшуда эҳсос мекунад, воқеан шаҳри муваффақ аст. Душанбе имрӯз ба шарофати сулҳу суботи сиёсӣ, волоияти қонун, фаъолияти самараноки сохторҳои дахлдор ва фарҳанги баланди муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамчун яке аз шаҳрҳои амнтарини љаҳон шинохта мешавад. Амният дар ин ҷо танҳо маънои ҳифзи тартиботро надорад. Он ҳамчунин фазои эътимод, эҳтироми ҳамдигар, имкони озоди таҳсилу меҳнат, зиндагии осоишта ва рушди шахсиро дар бар мегирад.

Маҳз, ҳамин омилҳо боис шудаанд, ки Душанбе дар миёни шаҳрҳои минтақа ҳамчун макони орому муносиб барои зиндагӣ, сайёҳӣ ва ҳамкорӣ мавқеи худро устувор намояд.

Суботу амният неъмати бузургест, ки дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омадааст. Бе ин арзишҳо ҳеҷ як барномаи бузурги ободонӣ ва рушди шаҳрсозӣ амалӣ шуда наметавонад. Дар ин асно љонталошиҳои бесобиқаи сарвари давлат дар мадди аввал меистад.

Яке аз самтҳои муҳими рушди муосири Душанбе таваҷҷуҳ ба масъалаҳои экологӣ ва бунёди муҳити солими шаҳрӣ мебошад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши шаҳрнишинӣ, масъалаи ҳифзи муҳити зист аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Душанбе бо ташкили боғҳои нав, зиёд намудани майдонҳои сабз, ободонии маҳаллаҳо ва таваҷҷуҳ ба фарҳанги тозагӣ кӯшиш мекунад, ки ҳамчун шаҳри дорои муҳити мусоиди зиндагӣ рушд намояд. Хушбахтона, соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Соли маърифати экологӣ» эълон гардида буд, ки ҳадафи он тозаву озода нигоҳ доштани пойтахт аст.

Ҳар як дарахти шинондашуда, ҳар як боғи бунёдшуда ва ҳар як гулгашти ободшуда нишонаи ғамхорӣ ба наслҳои оянда мебошад.

Имрӯз, дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳи тайкардаи Душанбе назар афканда, метавон бо итминон гуфт, ки пойтахт ба яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ табдил ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намудаанд: «Мо бояд пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо ба яке аз зеботарин шаҳрҳои ҷаҳон табдил диҳем».

Ин ҳадаф имрӯз дар симои тағйирёфтаи шаҳр таҷассум меёбад.

Дар остонаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Душанбе бо чеҳраи нав ва неруи созанда ба сӯйи оянда қадам мегузорад. Ояндае, ки дар он пойтахти Тоҷикистон метавонад, боз ҳам ободтар, зеботар ва шукуфонтар гардад. Зеро Душанбе танҳо як шаҳр нест.
Душанбе – ин оинаи Истиқлол, ифтихори миллат ва рамзи фардои дурахшони Тоҷикистон аст.

Аҳрориён Зарина Асрор.-муовини ректор оид ба тарбия

 


10.09.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php