ДУШАНБЕ – ШАҲРИ СУЛҲ
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.
Шудам сарсабз дар оғӯши меҳрат,
Чу дил дар синаам ҷойӣ, Душанбе.
Дар маркази Осиёи Марказӣ, дар домони кӯҳсорони зебо, шаҳре ҷойгир шудааст, ки бо самимият ва меҳрубонии сокинонаш, инчунин бо фазои орому осудааш машҳури чаҳон гардидасст. Ин шаҳри офтобӣ, ки рӯзгораш ба номаш пайванд аст, пойтахти Тоҷикистони азиз — Душанбе мебошад. Имрӯз, Душанбе на танҳо маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар аст, балки рамзи сулҳу ваҳдат ва оромии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Душанбе шаҳри сулҳ аст. Душанбе шаҳрест, ки дар он на танҳо мардум, балки табиат низ бо инсон дар ҳамовозӣ ва сулҳ зиндагӣ мекунад.
Таърихи навини Душанбе бо сулҳу ваҳдати миллӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Солҳои 90-уми асри гузашта, замоне ки кишвари мо дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт, Душанбе маркази мубориза барои барқарорсозии сулҳ буд. Маҳз дар ин шаҳр, бо хикмату тадбири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди сулҳу оштӣ баркарор гардид. Дар натиҷа, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги бародаркуш хотима бахшид. Аз он рӯз то кунун, Душанбе ҳамчун рамзи сулҳ сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар пайкараи «Истиқлол» ва дигар нишонаҳои шаҳр таҷассум мекунад.
Бо гузашти солҳо, Душанбе аз шаҳри харобазор ба яке аз зеботарин шаҳрҳои Осиё табдил ёфтаст, ки ин гувохи натиҷаи бевоситаи сулҳу субот дар кишвар мебошад. Душанбе имрӯз на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми мардуми ҷаҳон рамзи сулҳу дӯстӣ мебошад. Душанбе имруз маркази баргузории конфронсу нишастҳо ва вохӯриҳои сатҳи баланди чумхуриявию байналмилалли, ки ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, пешгирии низоъҳо ва таҳкими сулҳ бахшида шудаанд, ба хисоб меравад. Душанбе мизбони мардуми гуногунмиллату гуногунмазҳаб аст, ки дар паноҳи сулҳу оромии он бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва ин гуногунрангӣ боиси зебогии бештари он гардидааст.
Тайи чанд соли охир тавассути кўшишҳои бевоситаи раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаҳониён шоҳиди он гардида истодаанд, ки шаҳри Душанбе дар баробари тарҳу симои хешро дигаргун намудан, ба яке аз марказҳои бузурги тамаддуни инсонӣ, муаррифгари ҳақиқии фарҳанги бузурги шаҳрсозии милли мубадал гардидааст. Дар кўтоҳтарин фурсат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чандин боғҳои бузурги фарҳангиву фароѓатӣ ва эҳёи фарҳанги миллии тоҷикон, унсурҳои тамаддуни шаҳрофарӣ ва шаҳрдорӣ ном ва корномаҳои шахсиятҳои беназири миллати моро зинда мегардонанд. Аз ҷумла, ба номи Куруши Кабир, Абулқосим Фирдавсӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ номгузорӣ шудани ин маконҳои беназири фарҳангӣ оламиёнро дар вусъати ин шаҳри азизу дилҷавони тоҷикон ба ҷаҳони маънавият ва адабу фарҳанги миллӣ раҳнамоӣ мекунанд.
Хулоса, Душанбе на танҳо пойтахти Тоҷикистон, балки қалби сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон аст. Сулҳу суботе, ки дар ин шаҳр ҳукмфармост, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва зиндагии шоистаи сокинонаш заминаи мусоид фароҳам овардааст. Вазифаи ҳар яки мо, сокинони ин шаҳри сулҳ, ҳифзу эҳтироми ин неъмати бебаҳост, то ки Душанбе ҳамеша чун чароғи сулҳ дурахшида бошад ва номи он дар саросари олам ҳамчун шаҳри сулҳ садо диҳад.
Бобоев Ф.Д. -ассистенти кафедраи Бемориҳои дарунии №2,