ДУШАНБЕ ДАР ПАРТАВИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДУШАНБЕ ДАР ПАРТАВИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолият барои ҳар як миллат на фақат як санаи таърихӣ, балки оғози марҳилаи нав дар роҳи худшиносӣ, давлатсозӣ ва рушди устувор маҳсуб мешавад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ, ки соли 1991 ба даст омад, имконият фароҳам овард, то кишвар роҳи мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро интихоб кунад. Дар ин раванди мураккаб ва пурпечутоб, нақши пойтахт ҳамчун маркази асосии таҳаввулоти миллӣ ва оинаи воқеии дастовардҳои давлатдорӣ бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.

Оғози даврони Истиқлол барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи ниҳоят ҳассос ва пурчолиш рост омад. Барои шаҳри Душанбе, ки маркази сиёсиву маъмурии кишвар буд, ин марҳила на танҳо озмоиши устувории сохторҳои давлатӣ, балки санҷиши қобилияти зинда мондан ва рушд кардан дар шароити буҳронӣ маҳсуб меёфт. Солҳои аввали баъди Истиқлол бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иқтисодӣ тавъам буданд. Фурӯпошии низоми иқтисодии Шӯравӣ боиси қатъ гардидани робитаҳои истеҳсолӣ, кам шудани захираҳои молиявӣ ва паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардид. Дар чунин вазъ, пойтахт, ки бояд муҳаррики рушди кишвар мебуд, худ ба як фазои осебпазир табдил ёфт. Инфрасохтори шаҳр дар он давра ҷавобгӯ ба талаботи замон набуд. Роҳҳо фарсуда, нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд ва хизматрасониҳои коммуналӣ ноустувор буданд. Норасоии неруи барқ, об ва дигар хизматрасониҳои асосӣ ба зиндагии ҳаррӯзаи сокинон таъсири манфӣ мерасонд. Раванди сохтмонҳо дар шаҳр қатъ шуда буд ва симои шаҳр тағйир намеёфт.

Аз ҷиҳати иҷтимоӣ низ вазъ мураккаб буд. Сатҳи бекорӣ афзоиш ёфта, муҳоҷирати меҳнатӣ тадриҷан ба як падидаи васеъ табдил меёфт. Сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ коҳиш ёфта, имкониятҳои рушди инсонӣ маҳдуд гардида буданд. Дар чунин шароит, эҳсоси ноумедӣ ва нобоварӣ ба оянда дар байни мардум ба назар мерасид.

Бо вуҷуди ин, маҳз дар ҳамин давраи душвор пояҳои эҳёи минбаъдаи шаҳр гузошта шуданд. Талошҳо барои барқарорсозии суботи сиёсӣ, эҳёи иқтисод ва таҳкими сохторҳои давлатӣ тадриҷан замина фароҳам оварданд, ки Душанбе аз марҳилаи буҳронӣ убур намояду ба як шаҳри нав табдил ёбад. Рушди босуръати Душанбе дар давраи Истиқлол натиҷаи тасодуфӣ нест. Он, пеш аз ҳама, самараи сиёсати ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки бе мавҷудияти стратегияҳои возеҳ ва татбиқи мунтазами онҳо, расидан ба чунин сатҳи рушд ғайриимкон буд.

Пас аз барқарор гардидани суботи сиёсӣ, Сарвари давлат рушди пойтахтро ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил дод. Ин иқдом бар пояи фаҳмиши он қарор дошт, ки пойтахт на танҳо маркази маъмурӣ, балки муҳаррики асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат, барномаҳои махсуси давлатӣ барои навсозии инфрасохтор, беҳсозии муҳити шаҳрӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ роҳандозӣ гардиданд. Таҳия ва татбиқи барномаҳои миёна ва дарозмуддати рушд имкон дод, ки лоиҳаҳои бузург бо тартиби муайян ва марҳила ба марҳила амалӣ гарданд. Сохтмони роҳҳо, пулҳо, маҷмааҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ дар доираи чунин барномаҳо ба роҳ монда шуданд.

Омили дигаре, ки бояд махсус зикр карда шавад, баланд гардидани сатҳи идоракунии шаҳрӣ мебошад. Ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва беҳсозии хизматрасониҳои давлатӣ боис гардид, ки самаранокии фаъолияти мақомоти шаҳрӣ афзоиш ёбад. Ин, раванд махсусан дар давоми солҳои охир, дар замони шаҳрдории муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шакли нав ҷилва намуд, ба баланд шудани эътимоди аҳолӣ ва беҳтар шудани муҳити иҷтимоӣ мусоидат намуда истодааст. Яке аз нишондиҳандаҳои барҷастаи пешрафти Душанбе дар давраи Истиқлол тағйироти амиқ дар инфрасохтор ва симои шаҳр мебошад. Агар дар оғози солҳои Истиқлол шаҳр бо маҳдудиятҳои ҷиддии инфрасохторӣ рӯ ба рӯ буд, имрӯз он ба як пойтахти муосир бо шабакаи васеи хизматрасониҳо ва биноҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Дар тӯли 35 соли баъди Истиқлол дар шаҳр даҳҳо километр роҳҳои нав бунёд ва навсозӣ шуданд. Пулҳои муҳими нақлиётӣ, гузаргоҳҳо ва шоҳроҳҳо сохта шуда, мушкилоти ҳаракати дохилии шаҳр ба таври назаррас коҳиш ёфт. Ин тағйирот на танҳо ҳаракатро осон кард, балки ба рушди иқтисодӣ низ таъсири мусбат расонд. Ҳамзамон, симои меъмории Душанбе куллан дигаргун шуд. Биноҳои баландошёна, марказҳои тиҷоратӣ, биноҳои маъмурӣ ва маҷмааҳои фарҳангӣ тадриҷан ҷойи сохтмонҳои кӯҳнаро гирифтанд. Имрӯз шаҳри Душанбе бо симои нав, ки дар он унсурҳои муосир бо анъанаҳои миллӣ омезиш ёфтаанд, дили ҳар бинандаро мафтун мекунад.

Рушди иҷтимоии Душанбе дар давраи Истиқлол яке аз самтҳои калидии дигаргуниҳои умумии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тағйироти назаррас ба амал омаданд, ки бевосита ба сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири мусбат расонданд.

Дар соҳаи маориф, шумораи муассисаҳои таълимӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Мактабҳо, гимназияҳо ва донишгоҳҳои нав бунёд гардида, имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон васеъ шуданд.

Дар соҳаи тандурустӣ низ пешрафтҳо ба назар мерасанд. Бунёд ва таҷдиди беморхонаҳо, марказҳои ташхисӣ ва клиникаҳои махсус ба беҳтар шудани стҳи хизматрасонии тиббӣ мусоидат кард. Истифодаи технологияҳои муосири тиббӣ тадриҷан сифати табобатро ба маротиб боло бурд.

Соҳаи фарҳанг ва варзиш низ дар шаҳри Душанбе рушд ёфт. Театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ фаъолтар гардиданд. Ҳамзамон, Чорабиниҳои фарҳангии сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба муаррифии фарҳанги тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат карданд. Ҳамзамон, рушди варзиш ва бунёди иншооти варзишӣ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон таъсири мусбат расонд.

Дар давраи Истиқлол Душанбе на танҳо ба маркази сиёсӣ ва иқтисодӣ, балки ба яке аз муҳаррикҳои асосии ташаккули ҳувияти миллӣ табдил ёфт. Дар тӯли 35 сол нақши шаҳр дар эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, ин раванд бо сръат пеш рафта истодааст

Дар пойтахт як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла театрҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳои бузург ва марказҳои фарҳангӣ фаъшлият ва рушд карданд. Маҳз, дар ин раванд Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд карда шуд, ки бузургтарин китобхона дар Осиёи Мраказӣ муаррифӣ гардид. Ин муассисаҳо на танҳо фазои фарҳангии шаҳрро ғанӣ гардонданд, балки ба тарғиби таъриху фарҳанги тоҷикон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуданд. Ҳамзамон, баргузории ҷашнвораҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ симои Душанберо ҳамчун шаҳри зинда ва фарҳангсолор муаррифӣ кард. Ин чорабиниҳо ба муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, мусиқӣ ва адабиёти тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ имконият фароҳам оварданд.

Имрӯзҳо шаҳри Душанбе мизбони муҳимтарин чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишии байналмилалӣ мебошад, ки ин худ далели рушди бемайлони ин шаҳри зебо мебошад.

Таҳлили мухтсари ин самтҳо нишон медиҳад, ки рушди Душанбе дар давраи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мураккаб, вале стратегии дигаргунсозиро тай намудааст. Аз як шаҳри дорои инфрасохтори маҳдуд ва мушкилоти ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ, Душанбе тадриҷан ба як маркази муосир, рушдёбанда ва дорои симои нав табдил ёфт. Таҷрибаи 35 соли Истиқлол нишон медиҳад, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат имрӯз дар сатҳи баланди рушд қарор гирифта, яке аз амнтарин шаҳрҳои ҷаҳон эътироф гардидааст.

 

Аҳрориён Зарина Асрор.-

муовини ректор оид ба тарбия

АЗ ИДОРА: Раёсати Донишгоҳ ба редаксияи рӯзномаи “Паёми Душанбе” барои чопи маводи болозикр- ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ изҳори сипос баён менамояд. (Паёми Душанбе, № 18 (2994) аз 7-майи соли 2026)


08.05.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php